КОРИ БАХШҲОИ КОНФЕРЕНСИЯИ XХ ИЛМӢ-АМАЛИИ ОЛИМОНИ ҶАВОН ВА ДОНИШҶӮЁН ДАР МАВЗУИ “ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ЗЕҲНӢ ДАР ТАҲСИЛОТ ВА ИЛМИ ТИБ: РАВИШҲОИ ИННОВАТСИОНӢ”
Дар доираи Конференсияи XX илмӣ - амалии олимони ҷавон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар мавзуи «Технологияҳои зеҳнӣ дар таҳсилот ва илми тиб: Равишҳои инноватсионӣ» 17 сексия, аз ҷумла ҷаласаи пленарӣ, сексияҳои ҷарроҳӣ, акушерӣ ва гинекологӣ, дилу рагҳо ва ҷарроҳии тармимӣ, бемориҳои дарунӣ, эндокринология, дерматовенерология ва бемориҳои сироятӣ, неврология, педиатрия ва бемориҳои сироятии кӯдакона, оториноларингология ва офталмология, тибби оилавӣ, стоматология, фармакология ва фарматсия, тибби профилактикӣ, тибҳои назариявӣ, физиологияи нормалӣ, фанҳои назариявии ғайритиббӣ, фанҳои гуманитарӣ баргузор гашта, ба онҳо олимони варзида ва устодони Донишгоҳ ва дигар муассисаҳои бонуфузи илмии ватанӣ ва хориҷӣ роҳбарӣ намуданд. Инчунин, 3 симпозиум дар бахшҳои онкология, беҳдошти муҳити зист ва технологияи инноватсионӣ дар травмотология ва ортопедия доир гардиданд.
Боиси тазаккур аст, ки ҳамасола шумораи иштирокчиёни Конференсия ва теъдоди мақолаҳои пешниҳодгардида меафзояд. Дар бахшҳо мавзуъҳои муҳими соҳаи тиб, аз ҷумла, масъалаҳои мубрами ҷарроҳӣ, онкология, акушерства ва гинекология, масъалаҳои мубрами ҷарроҳии дилу рагҳо, ҷарроҳии ластикӣ, травматология ва нейроҷарроҳӣ, роҳҳои табобати бемориҳои дарунӣ, масъалаҳои мубрами педиатрия, масъалаҳои стоматология, оториноларингологя ва офталмология, нақши илмҳои илмҳои фундаменталӣ дар рушди илмҳои тиб, масъалаҳои мубрами тандурустии ҷамъиятӣ, рушди илмҳои дақиқ ва гуманитарӣ дар кишвар мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд.
ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕАИ
ХАДАМОТИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ