КОНФЕРЕНСИЯИ XX – УМИ ИЛМӢ-АМАЛИИ ОЛИМОНИ ҶАВОН ВА ДОНИШҶӮЁНИ МДТ “ДДТТ БА НОМИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО” ДАР МАВЗУИ “ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ЗЕҲНӢ ДАР ТАҲСИЛОТ ВА ИЛМИ ТИБ: РАВИШҲОИ ИННОВАТСИОНӢ” БО ИШТИРОКИ НАМОЯНДАГОНИ ХОРИҶӢ БА КОРИ ХУД ШУРӮЪ НАМУД


КОНФЕРЕНСИЯИ XX – УМИ ИЛМӢ-АМАЛИИ ОЛИМОНИ ҶАВОН ВА ДОНИШҶӮЁНИ МДТ “ДДТТ БА НОМИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО” ДАР МАВЗУИ “ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ЗЕҲНӢ ДАР ТАҲСИЛОТ ВА ИЛМИ ТИБ: РАВИШҲОИ ИННОВАТСИОНӢ” БО ИШТИРОКИ НАМОЯНДАГОНИ ХОРИҶӢ БА КОРИ ХУД ШУРӮЪ НАМУД

Имрӯз, 25-уми апрели соли ҷорӣ дар толори калони МДТ “ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино” қисми ифтитоҳии XX Конференсияи илмӣ-амалии олимони ҷавон ва донишҷӯён таҳти унвони “Технологияҳои зеҳнӣ дар таҳсилот ва илми тиб: Равишҳои инноватсионӣ” бо кори худ шуруъ намуд.

Баъди садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ректори МДТ “ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино”, доктори илмҳои тиб, профессор Муҳиддин Нуриддин Давлаталӣ меҳмонон ва иштирокдорони кори конференсияро хайрамақдам намуда, зикр доштанд, ки ҳадафи баргузории ҳамоиши илмӣ ба вуҷуд овардани шароити мусоиди баҳсу мунозираҳои созандаи илмӣ ба олимони ҷавону донишҷӯён ва фароҳам овардани шароиту имкониятҳои озод ҷиҳати барқарор намудани равобити дӯстӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо пешрафтатарин муассисаҳои таълимию табобатии хориҷи дуру наздик ва ворид намудани дастовардҳои тибби мосири ватанӣ ва хориҷӣ ба амалияи тиб мебошад.

Муҳсинзода Ғафур Муҳсин, доктори илмҳои тиб, муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Амонзода Илҳом Темур, ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Раҳимзода Шабнам Карим, муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчунин, намояндагони хориҷӣ бо суханони табрикотӣ баромад намуда, ба кори конференсия муваффақиятҳо орзу намуданд.

Дар идомаи кори ифтитоҳии конференсия меҳмонон ва дигар ҳайати профессорону олимони ҷавони Донишгоҳ бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуданд.

Кори конференсия дар бахшҳои алоҳида давом меёбад.

 

ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕАИ

ХАДАМОТИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ


6
5
4
3
2
1
25.04.2025 158

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php