ОИЛАИ СОЛИМ АСОСИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ ВА ҶОМЕА АСТ
Дар кафедраи забонҳои хориҷӣ ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии донишҷӯён дар руҳияи ватандӯстӣ, ватанпарварӣ, садоқат, муҳаббат дар оила, тарбия намудани ҷавонон, дар санаи 23 –уми апрели соли ҷорӣ дар мавзӯи «Оилаи солим – ҷомеъаи солим» чорабинии тарбиявӣ гузаронида шуд.
Ҷамъомадро бо сухани муқаддимавӣ омӯзгори калони кафедра Каримова Мукаддас дар бораи оила оғоз кард ва кайд намуд, ки оила мафҳуми арзишнок буда, асоси ҷомеаро ташкил медиҳад. Инсони солим дар ҷомеаи солим ҳаёти худро бе он тасаввур карда наметавонад.
Дар моддаи 16-и Эъломияи ҳуқуқи башар оварда шудааст: «Оила рукни тарбия ва асосии ҷамъият аст, ҳақ дорад аз пуштибонии ҷомеаву давлат бархӯрдор бошад». Ин нуқта дар моддаи 33-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ инъикос ёфтааст ва боз илова мешавад, ки давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад.
Ҳамасола 15-уми май дар тамоми ҷаҳон Рӯзи байналмилалии оила, ки соли 1993 бо қарори Ассамблеяи Генералии СММ эълон гардидааст, таҷлил карда мешавад. Мақсад аз таҷлили ин ҷашн ҷалби диққати давлату ҷомеа ба мушкилоти мавҷудаи оила мебошад.
Оила ашхоси аз ҳама наздику каринро дар бар гирифта, дар тӯли умри инсон бо ӯ ҳамроҳу ҳамкадаманд. Ин муҳити ашхоси хайрхоҳу самимӣ буда, ҳамчун ифодагари меҳру муҳаббат ва дилсӯзиву истикболи гарм аз ҷониби аъзоёни он баён мегардад. Оила барои ташаккули фарди мустақил ба ҳайси таккон хизмат мекунад. Он пойгоҳест, ки барои мавҷудияти инсон дар замони муосир мусоидат менамояд. Маҳз дар оилаи солим мо нахустин бор суханони навозишомезро аз лаҳни модар шунида, суруру шодмонӣ ва завқи зиндагӣ аз ӯ омӯхта, низ паси сар намудани душвориҳои ҳаётро аз бар менамоем. Ташаккули фардият ва хислатҳои неки ахлокӣ, идроки олам ва ҳодисаҳои моро иҳотанамуда дар доираи ашхоси наздик вокеъ мегардад. Оила ҳамчун падидаи асосии ҷомеа ҳифозаткунандаи арзишҳои инсонӣ, фарҳангу маданӣ, ворисияти таърихии наслҳо бокӣ мемонад. Ба шарофати оилаи солим давлат мустаҳкам гардида, некӯаҳволии халқ меафзояд.
Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд.
Яке аз омилҳои муҳимми пешрафти ҷомеа тарбияи дурусти фарзанд ба шумор меравад. Дар ин амри хайр нақши оила ҳамчун ниҳоди боэътимод ниҳоят муҳим мебошад. Агар оила ба тарбияи фарзандон эътибори ҷиддӣ дода, онҳоро солиму солеҳ ба воя расонад ва дар ташаккули шахсияташон дар хонавода аҳамияти зарурӣ диҳад, чунин фарзанд дар ҷомеа ҳатман мавқеи худро пайдо карда, боғи падару модар мегардад ва нафъаш ба падару модар ва кишвар зиёдтар мерасад.
Бузургони гузаштаи мо, ба мисли устод Рӯдакӣ, Ибни Сино, Носири Хусрав, Низомӣ, Саъдӣ, Имоми Аъзам, Унсуралмаолии Кайковус, Абдураҳмони Ҷомӣ, Аҳмади Дониш ва дигарон оид ба тарбияи фарзанд ва нақши оила рисолаву осори зиёде таълиф намудаанд, ки дар онҳо доир ба мақоми падару модар, интихоби ҳамсар, одобу маърифати зан ва монанди инҳо дастуру насиҳатҳои бисёр арзишманд мавҷуданд.
Устод Садриддин Айнӣ низ дар аввали асри ХХ оилаи солимро асоси хушбахтии хонадон ва макони тарбияи атфол эълон намуда буд.
Чунин нишонаи арҷгузорӣ ба падару модарон, эҳтиром ба номи поки зан ва таваҷҷуҳ ба заҳмати духтарону бонувон имрӯз ҳам аз ҷониби аҳли илм, ва адабу фарҳанг идома дошта, дар навбати худ Ҳукумат низ барои дастгирии онҳо ҳамаи шароити заруриро фароҳам овардааст.
Аз қадим тарбияи фарзанди солим, некиродаву солеҳ ва ватандӯст дар таърихи халқи тоҷик яке аз вазифаҳои муқаддаси оила ва ҷамъият ба шумор мерафтааст.
Ба ин масъала ҳам дар тамаддуни ориёӣ, ҳам дар фарҳанги исломӣ ва ҳам дар адабиёти оламшумули мо таваҷҷуҳи бисёр ҷиддӣ зоҳир шудааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои худ маротибаҳои зиёд таъкид намудаанд, ки дар таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои худ, бунёди ҷомеаи солим, дар кадоме зӯроварӣ набошад, тарбияи насли навраси солим, минбаъд суботнокии давлату миллат, муҳофизати ватан, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, устувории истиқлоли миллӣ ва ҳифзи амнияти миллӣ аз тамоми падидаҳои номатлуб ва зуҳуроти бегона, ҷуръат ва саъю кӯшиш дар ваҳдати миллӣ натиҷаҳои дилхоҳ хоҳанд дод.
Шараф ба оилае, ки дар асоси ишқи зану шавҳар бунёд меёбад!
Сано ба оилае, ки асосаш муҳаббати кӯдакон аст!
Ба ақидаи Ибни Сино, ки муносибати марду занро таҳқиқ карда, дар бораи ишқ низ сухан рондааст, ишқи инсонӣ беҳтарин ва асоситарин ишқи олами моддӣ буда, нисбат ба он эҳтиром варзидани ҳар як инсони шарт ва зарур мебошад.
Устод Садриддин Айнӣ низ дар аввали асри ХХ оилаи солимро асоси хушбахтии хонадон ва макони тарбияи атфол эълон намуда буд.
Мафҳуми оила фаротар аз зиндагии якҷояи марду зан ҳаст, ки дӯст доштану самимӣ будан мебояд. Ба камбудии рӯзгор гоҳе мебояд чашм пӯшид. Бонуи хонадон шавҳарро роҳбари оила ва худро ёвари ӯ донад.
Табиати инсонӣ худ танҳо офарида нашудааст ва инсон, пеш аз ҳама, дар зиндагӣ ниёз ба ҳамрадиф дорад. Оиладор шудан ба инсон оромиш ва таскин мебахшад. Инсон дар натиҷаи издивоҷ вуҷуди солимтару таскинёфтатаре пайдо мекунад. Аз ин рӯ, зиндагиашро беҳтар ба роҳ мемонад, умрашро муфидтар гузаронида, лаззату баҳраи бештар аз ҳаёт дарёфт мекунад. Баробари оила барпо намудан мо вазифаи вазнинеро бар дӯшамон мегирем. Мо уҳдадор мешавем ба хушбахтии оилаи хеш. Аммо имрӯз на ҳама бар ин андешаанд, оилаи худро мустаҳкам нигоҳ дошта наметавонанд. Аслан пойдор мондани оила ин якдигарфаҳмӣ байни зану шавҳар аст. Чи хеле ки қайд кардаанд, “дар ҳаёти оила касоне хушбахт шуда метавонанд, ки “ман”-и худро ба “мо” табдил диҳанд”. Яъне зану шавҳар бояд маслиҳатгар ва дӯсти наздики ҳамдигар бошанд ва камбудии якдигарро хайрхоҳона ба ҳамдигар фаҳмонида, ба ислоҳи он бикӯшанд. Агар дар оила муҳаббат, ҳамфикрӣ, эҳтироми тарафайн ҳукмфармо бошад, худи муҳаббати падару модар, самимият ва ҳамкорӣ дар ҳаёт омили тарбияи фарзандон мешавад.
Оила мураббии аввалини инсон, раҳнамои ҳаёт ва асосгузори феълу рафтори ӯ ба шумор меравад. Чунки инсон дар оила тарбия ёфта, меъёрҳои ахлоқиро аз худ мекунад. Оила ва тарбияи фарзанд қариб дар осори ҳамаи адибони тоҷик дида мешавад. Аз қабили устод Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҷомӣ, Сайидо, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода. Мавзуи марказии эҷодиёти шоиррону адибони мо ин оила, сулҳ ва дӯстӣ, садоқат, мухаббат, вафодорӣ, ватандӯсти, хамдигарфаҳмиро ташкил медиҳад.
Чи тавре ки устод Мирзо Турсунзода дар эчодиёти худ дар достонхои «Ҷони ширин» «Водии Ҳисор», «Чароғи абадӣ», гуфта аст, ки хушбахтии фарзандонро дар оила, дар Ватани обод мебинад, ки сар то сари достонҳои ӯро чунин мавзӯъҳо фаро мегирад:
Дар Ватан фарзанди мо бадбахт нест,
Модари он ҳам зани сарсахт нест.
Ё ин, ки бо хамсараш яъне хамсафари зиндагияш, ки бисёр вактхо дур аз оила буд, бо меҳру мухаббати зиёд чунин мисрахоро бо меҳри зиёд гуфтааст.
Чони ширин ин кадар чангам макун
Ин кадар бехуда дилтангам макун
Гашта-гашта аз сафар боз омадам,
Боз дар наздат ба парвоз омадам.
М.Д. Каримова-омӯзгори калони кафедраи забонҳои хориҷӣ