ВОРИСОНИ СИНО ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТАНД
Санаи 21-уми апрели соли 2025 дар кафедраи физикаи тиббӣ ва биологӣ бо асосҳои технологияи информатсионӣ бо иштироки гурӯҳҳои куратории патоки якуми факултети стоматологӣ семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Ворисони Сино пайравони Пешвои миллатанд” баргузор гардид.
Нахуст профессори кафедра Шерматов Д.С. чорабиниро ифтитоҳ карда, қайд карданд, ки имрӯз ҷавонони мо ҳамчун нерӯи бузурги бунёдкору ободсози миллат қувваи асосии пешбарандаи ҷамъият ба шумор рафта, дар зери таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Дар баробари ин дотсенти кафедра Саторов Далерҷон изҳор доштанд, ки бо кӯшишу заҳматҳои пайвастаи Сарвари давлат аз ҳар як донишҷӯ тақозо мешавад, ки нисбати касби интихобкардаи хеш содиқ бошанд ва хизмат ба халқу ватанро пешаи асосии худ қарор диҳад.