РӮЗИ ҶАҲОНИИ ЭҶОДКОРӢ ВА ИННОВАТСИЯ. Омилҳое, ки метавонанд бозори меҳнатро афзоиш дода, мардумро тавонманд созанд


РӮЗИ ҶАҲОНИИ ЭҶОДКОРӢ ВА ИННОВАТСИЯ. Омилҳое, ки метавонанд бозори меҳнатро афзоиш дода, мардумро тавонманд созанд

Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид соли 2017 бо қатъномаи худ 21 апрелро Рӯзи ҷаҳонии эҷодкорӣ ва инноватсия эълон намуд, то огаҳӣ аз нақши фаъолияти эҷодкорӣ дар тамоми бахшҳои ҳаёти инсоният баланд бардошта шавад. Фаъолияти эҷодӣ ва навоварона ҳамчун манбаи воқеии сарвати миллатҳо дар асри 21 эътироф шудааст, ки дар Гузориши иқтисоди созанда дар соли 2013 низ таъкид гардидааст.

Эҷодкорӣ ва навоварӣ метавонад бозори меҳнатро афзоиш диҳад

Иқтисоди созанда яке аз бахшҳои динамикии иқтисоди ҷаҳонӣ аз нигоҳи тавлиди даромад, таъсиси ҷойи кор ва даромадҳои содиротӣ арзёбӣ мегардад.

Тибқи гузориши ЮНЕСКО дар бораи фарҳанг ва рушди устувор, эҷодкорӣ ва навоварӣ бояд ҷузъи стратегияҳои рушди иқтисодӣ бошанд, зеро иқтисоди созанда солона зиёда аз 2 миллиард доллар даромад ба даст меорад ва дар саросари ҷаҳон тақрибан 30 миллион ҷойи кор эҷод мекунад.

Ба иттилои коршиносони Созмони Милали Муттаҳид, эҷодкорӣ, навоварӣ ва соҳибкорӣ метавонад бозори меҳнатро афзоиш диҳад, мардумро тавонманд созад ва дар мубориза бо фақру гуруснагӣ кумак намояд.

Эълони Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ солҳои 2025-2030 Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон гардиданд. Гуфта шуд, ки дар шароити нави рушди иқтисоди рақамӣ, зеҳни сунъӣ, истифодаи самараноки инноватсия ва рақамикунонии иқтисодиёт моро зарур аст, ки пеш аз ҳама, гузариш бо ин гуна иқтисодиётро дуруст ба роҳ монем, фарҳанги истифодаи технологияҳои рақамиро азхуд намоем. Ҳамзамон барои расидан ба рушди иқтисоди рақамӣ ва татбиқи онҳо дар иқтисодиёти мамлакат рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ, истифодаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, пардохтҳои андозӣ ва дигар намуди хизматрасониҳои электрониро дар фаъолияти иқтисодию иҷтимоӣ амалӣ намудан ба манфиати кор мебошад.

Тоҷикистон дар ин самт қадамҳои устувор мегузорад

Тоҷикистон дар самти гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисодиёт қадамҳои устувор мегузорад. Дар панҷсолаи минбаъда вазифаҳои зерин: такмили фаврии заминаҳои ҳуқуқӣ ва қабули санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ, то шабакаҳои панҷ – ҷӣ (5G) рушди инфрасохтори рақамӣ, марказҳои коркарди маълумот, таъсиси махзани мукаммали миллии маълумот, рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ташкили махзани ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ, рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи мамлакат ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ, истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ, андешидани тадбирҳо дар самти таъмин намудани амнияти киберии махзанҳои маълумот, ташаккули соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электрониро афзалият шуморида, барои татбиқи онҳо тамоми имкониятро истифода менамояд.

Омода намудани кадрҳои баландихтисос-омили рушди иқтисоди рақамӣ

Яке аз омилҳои рушд ва татбиқи ҳадафмандонаи иқтисоди рақамӣ ва инноватсия- ин омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳа мебошад. Вобаста ба ин Ҳукумати мамлакат тасмим гирифтааст, ки дар низоми таълимии муассисаҳои тамоми зинаҳои таҳсилоти касбӣ равияи омода кардани барномасозон ва дигар ихтисосҳои зарурӣ барои рушди иқтисоди рақамӣ ва барномасозӣ амалӣ карда шавад. Инчунин дар ин раванд муҳайё кардани шароити беҳтарин барои тарбияи кадрҳо, пешниҳод намудани имтиёзҳои гуногун, ҳавасмандгардонии мутахассисони самти технологияҳои иттилоотӣ ва бозомӯзӣ дар муассисаҳои пешқадами хориҷӣ муҳим арзёбӣ мегардад.

Таъсиси Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ

Соли 2024 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки он ба амалӣ намудани имконияти рушди инноватсия ва технологияҳои рақамӣ мутобиқ ба равандҳои сатҳи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ замина мегузорад. Агентӣ бо мақсади устувор намудани асосҳои сохтории иқтисоди рақамӣ, рушди инфрасохтор ва васеъ кардани раванди амалисозии «ҳукумати электронӣ», инчунин танзими раванди пурраи татбиқи пардохти ғайринақдӣ ва масъалаҳои дигари марбут ба самти инноватсия ва технологияҳои рақамӣ таъсис дода шуд. Тибқи Низомнома, Агентӣ мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти инноватсия, идоракунӣ ва танзими раванди амалисозии «ҳукумати электронӣ», пешниҳоди хизматрасонии давлатӣ дар шакли рақамӣ, гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ, имзои электронӣ, савдои электронӣ, танзими зеҳни сунъӣ, такмили равандҳои технологӣ ва масъалаҳои дигари марбут ба самти фаъолият мебошад. Бо мақсади боз ҳам мукаммал намудани заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, илмию техникӣ ва рушди инноватсия дар мамлакат таҷрибаи кишварҳои минтақа ва дигар давлатҳо дар ин самт мавриди омӯзиш қарор дошта, барои фароҳамсозии шароити мусоиди рушд бо бахши хусусӣ низ ҳамкорӣ тақвият дода мешавад.

Қабули «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040»

Яке аз дастовардҳои мамлакат соли 2022 қабул гардидани «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» мебошад, ки он бо мақсади амалисозии ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии босуръати ҷумҳурӣ таҳия шудааст. Дар стратегия ба гузаронидани ислоҳоти институтсионалӣ, рушди технологияи рақамӣ, барномасозӣ ва истифодаи логарифмҳо дар раванди қабули қарорҳо, идоракунӣ ва маъмуригардонию хизматрасонӣ афзалият дода мешавад. Бо назардошти он ки технологияҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодию иҷтимоии мамлакат амалӣ карда мешаванд, истифодаи имконияти мавҷуда ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар оянда имконият медиҳад, ки технологияҳои зеҳни сунъӣ марҳила ба марҳила дар соҳаҳои гуногун ҷорӣ ва яке аз воситаҳои асосии таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва пешрафти технологӣ дар мамлакат гарданд.

Истифодаи зеҳни сунъӣ ба раванди самаранок амалӣ намудани хизматрасонии давлатии рақамӣ, татбиқи иқтисоди рақамӣ ва «сабз», афзоиши даромади буҷет, содагардонии равандҳои бақайдгирӣ ва қабули қарорҳо, рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ, беҳтар намудани зиндагии аҳолӣ ва таъмини шаффофият мусоидат менамояд.

Марзия САИДЗОДА,
Бознашр аз АМИТ «Ховар»


24.04.2025 163

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php