ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ ВА ОҚИБАТҲОИ ОН


ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ ВА ОҚИБАТҲОИ ОН

Обшавии пиряхҳо яке аз нишондиҳандаҳои асосии арзёбии таъсири тағйирёбии иқлим дар манбаъҳои захираҳои об мебошад.

Мутобиқи қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид 21-уми март ҳамчун “Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо” эълон гардида, “Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо” таъсис дода шуд.

Иҷлосияи нахустин оид ба ин қатънома зери унвони “Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи Конфронси оби Созмони Милал баргузор гардида буд.

Мавриди зикр аст, ки Қатъномаи Созмони Милал аҳаммияти пиряхҳоро ҳамчун ҷузъи таркибии даври гидрологӣ эътироф намуда, вобастагии мутақобилаи ҳолати пиряхҳо ва иқлим, муҳити зист, саломатии инсон ва рушди устуворро ифода мекунад.

Ин санад, ҳамзамон таъсири гармшавии глобалиро заминаи қоҳиши густурдаи криосфера дониста, коста шудани устувории муҳити зистро дар минтақаҳои баландкӯҳ натиҷаи ин раванд маънидод кардааст.

Яке аз натиҷаҳои манфии ин раванд, коҳиши манбаъҳои об ва мутаносибан кам гардидани миқдори об дар дарёву кӯлҳо мебошад.

Мувофиқи пешгӯиҳои коршиносон то соли 2050 тақрибан 30 фоизи аҳолии сайёра эҳтиёҷоти худро ба об қонеъ карда наметавонад.

Манбаъҳои оби тозаи минтақаи мо, ки асосан аз пиряхҳо ва захираҳои барфӣ маншаъ мегиранд, маҳз таҳти таъсири тағйир ёфтани иқлим коҳиш ёфта истодаанд.

Тибқи гузориши Панели байниҳукуматӣ оид ба тағйирёбии иқлим дар бораи уқёнусҳо ва криосфера (соли 2019), то охири садсолаи равон сеяки пиряхҳои ҷаҳон метавонанд аз байн раванд.

Айни замон бино ба тағйирёбии иқлим ва баланд шудани ҳарорати ҳаво дар Осиёи Марказӣ масоҳати пиряхҳо босуръат коҳиш меёбад.

Аз 13 ҳазор пиряхи Тоҷикистон дар чанд даҳсолаи охир зиёда аз як ҳазораш об шуда, боиси афзоиши бесобиқаи офатҳои табиӣ дар кишвар гардидааст.

Мавриди зикр аст, ки 60 фоизи обҳои Осиёи Марказӣ аз пиряхҳо ва захираҳои барфии Тоҷикистон маншаъ мегиранд.

Бинобар моҳияти пиряхҳо барои ҳифзи муҳити зист ва масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ дар ҳама минтақаҳои ҷаҳон обшавии онҳо барои тамоми мардуми дунё боиси нигаронист.

Имрӯз дар баробари обшавии пиряхҳои минтақаҳои кӯҳӣ ин раванд дар Арктика ва Антарктида низ ба чашм мерасад, ки боиси ташвиши ҷиддӣ аст.

Дар натиҷаи ин раванд баландшавии сатҳи оби уқёнус мушоҳида мегардад, ки ба некуаҳволии садҳо миллион сокинони Замин таҳдид менамояд.

Кишвари мо соли 2025 Конфронси байналмилалии сатҳи баландро дар мавзӯи ҳифзи пиряхҳо мизбонӣ хоҳад кард.

Тамоми ҷаҳон,  имрӯз  рӯ ба рӯйи  мушкилоти тағйирёбии иқлим қарор дорад ва минтақаи мо низ аз ин истисно нест.

Дар кафедраи беҳдошт ва экология бо роҳбарии мудири кафедраи беҳдошт ва экология н.и.т. дотсент, Ҳасанов Ф.Ҷ. семинари илмӣ- амалӣ баргузор гардид, ки масъалаҳои болозикр дар раванди он таҳлилу баррасӣ гардиданд.


Кафедраи беҳдошт ва экология


22.04.2025 189

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php