ЧОРАБИНИҲОИ ПЕШГИРИИ ПАРАЗИТОЗ ДАР ҲАЙВОНОТИ ОЗМОИШИИ ПАЖӮҲИШГОҲИ ТИББИ БУНЁДӢ


ЧОРАБИНИҲОИ ПЕШГИРИИ ПАРАЗИТОЗ ДАР ҲАЙВОНОТИ ОЗМОИШИИ ПАЖӮҲИШГОҲИ ТИББИ БУНЁДӢ

Дар бахши нигоҳдошти ҳайвоноти озмоишии Пажӯҳишгоҳ тибқи нақшаи соли ҷорӣ мунтазам чорабиниҳо оид ба пешгирӣ ва нест кардани паразитҳо (гиҷаҳо) анҷом дода мешаванд. Ин тадбирҳо ҳам дар санаҳои қаблан муқарраршуда ва ҳам дар ҳолатҳои зарурӣ бо истифодаи маводҳои махсуси гиҷарон гузаронида мешаванд.

Санаи 19.04.2025 ҳайвоноти озмоишӣ, аз ҷумла харгӯшҳо, калламӯшҳо ва хукчаҳои баҳрӣ бо мақсади пешгирии паразитоз мавриди табобат қарор дода шуданд. Барои ин мақсад маводи Монезол истифода гардида, ба ҳайвонот вобаста ба вазнашон вояи мувофиқ таъйин карда шуд.

Монезол ба ду усул ба организм ворид карда шуд: тариқи қастара (ворамини сунъии шифоҳӣ) ва бо омехтани он ба ғизои истеъмолшавандаи ҳайвонот. Ин тадбирҳо бо риояи пурраи қоидаҳои биобехатарӣ ва бо мақсади таъмин намудани шароити солими нигоҳдории ҳайвоноти озмоишӣ амалӣ карда шуданд.

Татбиқи саривақтии чунин чорабиниҳои пешгирӣ барои таъмини ҳолати саломатии ҳайвоноти озмоишӣ, дақиқии натиҷаҳои илмӣ ва бехатарии кормандон аҳамияти муҳим дорад.


ПАЖӮҲИШГОҲИ ТИББИ БУНЁДӢ


19.04.2025 198

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php