ДИРЕКТОРИ МТИИ «ФАРМАТСИЯ» БО РЕКТОРИ ДОНИШГОҲИ ТИББИИ ШЕРОЗ МУЛОҚОТ НАМУДАНД
Ҳамкориҳои судманди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино бо муассисаҳои таҳсилоти олии тиббии Ҷумҳурии Исломии Эрон тайи солҳои охир рушду густариш ёфта истодааст, ки аз сиёсати оқилонаи Сарони ду кишвари дӯсту бародар, ҳамзабону ҳамфарҳанг муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Масъуд Пизишкиён дарак медиҳад. Дар доираи муносибатҳои неки дуҷониба ва ҳамкориҳои судманд, рӯзи 16-уми апрели соли 2025 дар шаҳри Шероз мулоқоти ректори Донишгоҳи тиббии шшаҳри Шероз доктор Саид Басир Ҳошимӣ бо директори МТИК «Фарматсия»-и МДТ «ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино” Сафарзода Рамазон Шарофиддин баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот дурнамои рушди ҳамкориҳои илмӣ ва таълимӣ миёни ду муассисаи таълимии самти тандурустӣ баррасӣ шуданд. Доктор Ҳошимӣ таъкид кард, ки Эрон ва Тоҷикистонро забон, фарҳанг ва решаҳои таърихӣ ба ҳам мепайванданд ва робитаҳо байни Донишгоҳи тиббии Шероз ва ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино аз қабл вуҷуд доштанд.
Ректори донишгоҳи Шероз омодагии худро барои тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои дорусозӣ, тиб ва тандурустӣ, аз ҷумла мубодилаи омӯзгорону донишҷӯён изҳор намуд. Ӯ ҳамчунин иттилоъ дод, ки байни Донишгоҳи тиббии Шероз ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёддошти тафоҳум ба имзо расидааст, ки табодули илмӣ ва таълимиро дарбар мегирад.
Дар навбати худ, Сафарзода Р. Ш. ба роҳбарият ва устодони Донишгоҳи тиббии Шероз изҳори сипос намуда, таҷриба ва малакаҳои касбии онҳоро барои рушди соҳаи дорусозии Тоҷикистон муҳим арзёбӣ кард. Зикр гардид, ки мутахассисон ва устодон аз Шероз захираи илмии арзишманд дошта, тақвияти ҳамкориҳо байни донишгоҳҳо метавонад ба рушди бахши тандурустии кишвар таъсири мусбат расонад.
Номбурда афзуд, ки ҳамкории дуҷониба байни факултетҳои фарматсевтии донишгоҳҳои тибби шаҳрҳои Шероз ва Душанбе ба пешрафти минбаъдаи соҳаи дорусозӣ дар Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.