ВОХӮРИИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ БО ОРДИНАТОРОНИ КЛИНИКӢ
Санаи 14.03.2025 дар толори Синои Пажуҳишгоҳи тиббӣ бунёдӣ вохӯрии ректори Донишгоҳ, д.и.т., профессор Муҳиддин Н.Д. бо ординаторони клиникии ихтисосҳои самти ҷарроҳӣ баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур мудирони кафедраҳои тахассуси ҷарроҳӣ, мутассадиёни ординаторони клиникӣ, кормандони Хадамоти ректор, Маркази таҳсилоти баъдидипломӣ, Раёсати таълимӣ-методӣ ва 320 нафар ординаторони клиникӣ иштирок намуданд. Вохӯрии зикршударо муовини ректор оид ба корҳои муолиҷавӣ д.и.т., профессор Ҳусейнзода З.Ҳ. ифтитоҳ намуда, баъзе маълумотҳои омориро пешниҳод намуданд. Сипас, ректори Донишгоҳ д.и.т., профессор Муҳиддин Н.Д. сухан намуда, таъкид карданд, ки чунин вохӯриҳо бо ҳамаи ординаторони клиникӣ давра ба давра гузаронида мешавад ва мақсади асосии ин вохӯриҳо шиносоӣ бо шароити таҳсил ва таҷрибаомӯзии ординаторони клиникӣ, мусоидат намудан ба беҳтар гардидани раванди таълим мебошад. Дар идомаи вохӯрӣ ректори Донишгоҳ бо ординаторҳои клиникии ҳар як кафедра дар алоҳидагӣ дар ҳузури мудири кафедра суҳбат гузарониданд. Ба мудирони кафедраҳо аз ҷониби ректори Донишгоҳ супориш дода шуд, ки ординаторони клиникиро ба корҳои амалӣ, аз ҷумла ба амалиёти ҷарроҳӣ бештар ҷалб намоянд ва бо ин роҳ дар оянда ҷиҳати беҳтар гардидани сифати кадрҳо мусоидат намоянд. Ординаторони клиникӣ дар навбати худ аз вақт ва шароити мусоид самаранок истифода намуда, дар мавриди ҷой доштани проблемаҳои ҳалталаб ба роҳбарияти Донишгоҳ муроҷиат намоянд.
МАРКАЗИ ТАҲСИЛОТИ БАЪДИДИПЛОМӢ