РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ БО ФАЪОЛИЯТИ КАФЕДРАҲОИ КЛИНИКӢ ШИНОС ШУД
Бо мақсади шинос шудан ба вазъи корҳои таълимӣ, тарбиявӣ ва муолиҷавӣ ректори Донишгоҳ, профессор Муҳиддин Нуриддин Давлаталӣ аз як қатор кафедраҳои клиникӣ дидан намуданд. Зимни боздид роҳабарияти Донишгоҳ бо ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯён сӯҳбати ошкоро доира карда, арзу шикоятҳо ва дигар дархосту таклифҳоро шунида барои дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин баратараф ннамудани нуқсонҳои ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Ҳамзамон, ректори Донишгоҳ ба мудирони кафедраҳо ва ҳайати профессорону омӯзгорон дастур доданд, ки барои тақвият додани малака ва маҳорати касбии мутахассисони ояндаи соаҳи тандурустии мамлакат тадбирҳои судманд андешанд ва онро ҳарчӣ бештар рушду инкишоф диҳанд.