СОҲИБЭҲТИРОМ
Дар ҳар давру замон шахсони соҳибэҳтиром нерӯи пешбарандаи ҷомеа буданд. Инсон новобаста ба мақоми иҷтимоӣ агар масъулиятшиносу хоксор ва донишманду ҳалим бошад, дар дилу дидаи мардум ҷой мегирад.
Кохи Ворисони Сино-Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино давоми 85 соли фаъолияташ дар канори хеш фарзандонеро парвариш намудааст, ки онҳо бо заҳмати бепоён, ҷустуҷӯи илм ва ҳисси баланди инсонпарварӣ барои рушди тибби тоҷик ва беҳбудии ҳаёт ва солимии мардум хизмат мекунанд. Дар таърихи тибби тоҷик ва ҷаҳонӣ занони донишманд бисёранд, ки бо ихтироот ва кашфиётҳои хеш номи худро ҷовидонӣ сохтаанд. Дар Тоҷикистони соҳҳибистиқлол чунин шахсиятҳоеро метавон ном бурд, ки умри пурбаракати худро ба рушди илми тиб бахшидаанд. Яке аз чунин шахсиятҳои маъруф табиби ҳозиқ, олимаи нуқтасанҷ, педагоги варзида, модари мушфиқу ғамхор, Академики АМИТ, доктори илмҳои тиб, профессор Додхоева Мунаввара Файзуллоевна мебошад.
Мунаввара Додхоева 2-юми июни соли 1946 дар шаҳри Ленинобод (ҳоло Хуҷанд) таваллуд шуда, соли 1964 муассисаи таҳсилоти миёнаи № 11 ин шаҳрро бо муваффақият хатм намуданд. Солҳои аввали 70-уми асри гузашта Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Синоро ба итмом расонида, лаҷоми илму таълимро сарбаландона ба даст гирифтанд. Солҳои 1976-1980 дар ординатураи клиникӣ ва аспирантура таҳсил намуда, ҳамзамон ассистенти кафедраи акушерӣ ва гинекологӣ шуда фаъолияти меҳнатии хешро оғоз менамоянд.Соли 1980 рисолаи номзадӣ (шаҳри Харков) ва соли 1998 рисолаи докториро (шаҳри Санкт-Петербург) ҳимоя намуда, қуллаҳои баланди илмиро фатҳ карданд.
Олимаи нотакрор Мунаввара Додхоева муаллифи зиёда аз 350 мақола илмӣ, 7 монография ва зиёда аз 20 дастури таълимӣ, илмӣ ва муолиҷавӣ мебошад. Зери роҳбарии Устод зиёда аз 30 нафар унвонҷӯёну аспирантон рисолаҳои илмии худро дифоъ намуданд.
Барои хизматҳои арзандаашон бо медали “Хизмати шоиста” қадрдонӣ гардида, Арбоби шоистаи илму техникаи Тоҷикистон мебошанд. Аълочии тандурустии Тоҷикистон ва чандин ифтихорномаву сипосномаҳо ва медалҳои ҷашнӣ аз соҳибэҳтиром будани муаллимаи гиромӣ шаҳодат медиҳанд.
Ба хотири арҷгузорӣ ба фаъолияти хастанопазири Мунаввара Файзуллоевна дар толори “Сино”- Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдӣ маҳфили илмӣ ва эҷодии мавсуф бо ибтикори раёсати Донишгоҳ баргузор карда шуд.
Муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Аҳрориён З. А. аз фаъолияти ибратомӯзи муаллима барои иштирокдорон маълумот дода, изҳори сипоси ректори Донишгоҳро ба номбурда изҳор намуданд. Сипас, Мунаввара Додхоева аз фаъолияти илмию муолиҷавӣ ва таълимии хеш дар солҳои гуногун изҳори андеша намуда, насли ҷавонро ба меҳнати фидокорона барои халқу Ватан ҳидоят сохтанд.
Дар навбати хеш шогирдони Мунаввара Додхоева атрофи насиҳатҳои модарона, сахтгирҳо дар роҳи тадқиқот ва фаъолияти оқилонаи Устод ибрози ақида намуда, барояшон саломатии бардавом таманно карда, муҳаббати самимии хешро изҳор намуданд.
Ҳақ ба ҷониби Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, ки дар ҳаққи чунин шахсиятҳо фармудаанд:
Дило, назди касе биншин, ки аз дилҳо хабар дорад,
Ба зери он дарахте рав, ки он гулҳои тар дорад.
Ба ин бозори атторон, марав ҳар сӯ чу бекорон,
Ба дӯкони касе биншин, ки дар дӯон шакар дорад.
ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА