НАФАСИ ТОЗАИ НАВРӮЗ МУБОРАК БОШАД!
Дар кафедраи бемориҳои дарунии №3 санаи 14.03. соли 2025 чорабинӣ бахшида ба Наврузи байналмилалӣ бо иштироки кормандони кафедра, ординаторони клиникӣ, интернҳо ва донишҷӯёни курси 6-уми факултети тиббӣ гузаронида шуд. Мудири кафедра н.и.т., дотсент Уроқов К.З. қайд намуданд, ки бо фарорасии Наврӯзи оламафрӯз ҳама ҷо шукуфон гаштаву, табиат сабзу хуррам мегардад ва зиндагӣ ранги дигар мегирад. Наврӯз аз зеботарину шевотарин ва деринатарину бостонатарин ҷашнҳоест, ки табиат ба инсон ато кардааст.
Нафаси тозаи Наврӯз муборак бошад,
Ҷашни фархундаю фирӯз муборак бошад.
Ҳама ҷо хуррамию тозаҷавонӣ бинам,
Чеҳраи поку дилафрӯз муборак бошад.
Баъдан баромад аз ҷониби донишҷӯёни курси 6 гуруҳи 37 бо саҳначаву таърихи Наврӯз, бо рақсу бозӣ гузаронида шуд.
Кафедраи бемориҳои дарунии №3