ТОҶИКИСТОН - ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ
Шукрона, ки боз ҳам дар диёри куҳансоли мо Наврӯзи зебоҷамол ва пурҷалол пару бол мезанад. Он Наврӯзе, ки посдори ҷавонии ҷаҳон ва хушрӯзиву хушбахтии мардумон аст ва бо сад накҳату ороиш аз омадани баҳор мужда оварда, ба дилҳо сафо мебахшад. Бо омадани Наврӯз табиат зинда гардида, гармӣ бар сардӣ, рӯшноӣ ба торикӣ, ҳаракат ба оромӣ ғалаба мекунад ва марди деҳқон бо умед ба замин донаи ризқ мепошад.
Наврӯз ҳамчун ҷашни фарруху хусравонӣ дар сарзамини аҷдодии мо арзи ҳастӣ намуда, решаҳои он аз устураҳои ориёӣ сарчашма мегирад.
Омад баҳори гулфишон,
Наврӯз шуд, Наврӯз шуд.
Рӯсурху сарсабз одамон
Наврӯз шуд, Наврӯз шуд.
Озурда хушҳолӣ кунад,
Дилро зи ғам холӣ кунад,
Як ҳарф бошад бар забон:
Наврӯз шуд, Наврӯз шуд.
Аз замони Ҷамшед то ҳол бо омадани Наврӯзи оламафрӯз ҳар хонадонҳо аз шодию фараҳ лабрез мегардад. Зеро ин ҷашн бар пояи меҳру садоқат ва хираду заковат асос ёфта, рамзи пирӯзии ақлу хирад бар ҷаҳлу зулмат ва некӣ бар бадӣ мебошад. Ва ҷаҳони пур аз тазоди имрӯза аз ҳар вақта дида бештар ба оинаҳои инсондӯстона, таҳаммулгароӣ ва накӯкориву хайрхоҳӣ ниёз дорад, ки ин ҳамаро Наврӯз дар худ таҷассум кардааст. Ҳамчунин он нақши муҳимро дар таҳкими сулҳу субот мебозад. Анъана ва расму оинҳои наврузӣ дар худ фарҳанг ва анъанаҳои тамаддуни Шарқу Ғарбро инъикос менамояд. Аз ин ҷост, ки барои ҷаҳонишавии Наврӯз, як қатор кишварҳо чораҳои гуногун андешидаанд. Ба сифати яке аз чунин чораҳо, ин тартиб додани лоиҳаи қарори A/64/L.30 бо номи “Рӯзи байналмилалии Наврӯз” ва барои баррасӣ пешниҳод намудани он ба Ассамблеяи Генералии СММ мебошад. Дар баробари ин, ЮНЕСКО “Наврӯз”-ро дар санаи 30 – уми сентябри соли 2009 ба феҳристи ёдгории ғайримоддии фарҳангии башарият,дохил намуд. Сипас, 23 – уми феврали соли 2010 Ассамблеяи Генералии СММ Қарори A/64/L.30 – ро бо номи “Рӯзи байналмилалии Наврӯз” тасдиқ карда, мувофиқи он: 1. Санаи 21 – уми март “Рӯзи байналмилалии Наврӯз” эътироф гардид; 2. Механизмҳои махсуси дастгирӣ барои он кишварҳои аъзое, ки иди Наврӯзро бо мақсади нигоҳ доштан ва рушд додани фарҳангу анъанаҳои он ҷашн мегиранд, муайян карда шуд;
3. Кишварҳои аъзо барои дуруст омӯхтани таърихи пайдоиш ва анъанаҳои ҷашни Наврӯз даъват карда шуданд.
Вобаста ба ҷаҳонишавии Наврӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфтааст: «Аз ҷониби Ассамблеяи Генералии СММ эълон шудани Наврӯз ба сифати иди ҷаҳонӣ, аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ҳанӯз аз давраҳои қадим аҷдодонамон ин идро бо андешаю ормонҳои пок ҷашн мегирифтанд».
Ҳоло иди Наврӯз дар 13 кишвари ҷаҳон ҳамчун ид қабул шуда, аҳолии ҳар яке аз ин кишварҳо бо анъанҳои гуногун Наврӯзро ҷашн мегиранд.
Хулоса дар Наврӯз ҳама бо орзуҳои нек, хосса халқи фарҳангсолори тоҷик, хони наврӯзӣ ороста, онро бо хурокҳои миллӣ: ҳафтсину ҳафтшин оро медиҳанд. Наврӯзи бостонӣ ҳамчун арзишмандтарин ҷашни башарӣ имрӯз дар сарзамини мо таҷлил мегардад.
Биё, Наврӯз, дунёро дигар кун,
Силоҳи ғуссаро зеру забар кун.
Табиат ҷашни шоҳаншоҳӣ дорад,
Тамоми рӯи оламро хабар кун!
Ҳакимов С.А. - омӯзгори калони кафедраи биологияи тиббӣ бо асосҳои генетика ба нои профессор Бердиев Н.Б.