ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ РОҲ БА СӮЙИ ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ ТОҶИКИСТОН


ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ РОҲ БА СӮЙИ ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ ТОҶИКИСТОН

Санаи 12. 03. 2025 сол дар кафедраи нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ ва омори тиббӣ бо курси таърихи тиб тибқи нақшаи мавзӯӣ-тақвимии дарсҳои тарбиявӣ бо донишҷӯёни курси 2 гурӯҳҳои куратории 1 ва 2-уми факултаи тиббӣ-профилактикӣ семинар дар мавзӯи «Паёми Пешвои миллат роҳ ба сӯйи ояндаи дурахшони Тоҷикистон» гузаронида шуд.

Дар семинари мазкур ҳайати устодон ва донишҷӯён иштирок намуданд: Семинарро мутассади оид ба корҳои тарбия Шарифзода Ф. Ҷ., ҳусни оғоз бахшида оид ба масъалаҳои дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон матраҳгардида ибрози андеша намуда афзуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои дар меҳвари давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷудбуда ва рушдкунандаро мавриди таҳлил ва хулосабарорӣ қарор дода, дар доираи талаботи имрӯзаи ҷаҳони пуртаззод ва пешрафти дигаргуниҳои куллии сайёра доир ба масъалаҳои пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ, истифодаи васеи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, ҳалли масъалаҳои вусъат додани истифодаи технологияҳои муосири рақамӣ, вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт дастуру супоришҳои судманд пешниҳод намуда, солҳои 2025 – 2030-ро «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карданд.

Иброз доштанд, ки мавзуи занону бонувони хуштолеи замони соҳибистиқлоли тоҷик ҳамчун нигини пурҷило дар меҳвари Паёми  сарвари давлат қарор гирифтааст. Сарвари хирадманди мо нақш ва мақому манзалати занону бонувонро дар эъмори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистони муосир, арзанда ва тақдирсоз номиданд. Президенти муаззам бо боварии комил ба азму ирода ва масъулиятшиносии бонувону духтарони тоҷик ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътимод намуда, дастгирии ҳамаҷонибаи онҳоро дар оянда идомабахш арзёбӣ намуданд.

Дар ин радиф Президенти мамлакат бо як ҳисси зиёди эҳтиром нисбат ба занону бонувони кишвар онҳоро “эҳёкунанда, нигаҳдоранда ва тарғибкунандаву посдорандаи беҳтарин суннату анъанаҳои миллӣ ва расму оинҳои асилу бостонии халқи тоҷик номиданд, ки дар асл ин рисолат аз азал танҳо ба зиммаи занону модарон вогузор мебошад. Бо талқин намудани ин рисолати азалӣ, ки танҳо иҷрои онро зан – модар метавонад амалӣ намояд, Президенти муаззами кишвар эҳтиром гузоштан ба занону бонувон, духтарону хоҳарон ва аппаҳои меҳрубонро самимона аз аҳли нишаст хоҳиш ва талаб намуданд.

Баъдан, ассистенти кафедра Рузиев Ф. А. дар мавзуи «Нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза намуда, аз ҷумла қайд карданд, ки чун анъана баъди ироаи Паём олимону коршиносони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат, хизматчиёни давлатӣ ва намояндагони дигар соҳаҳои фаъолият нуқтаҳои асосии Паёмро вобаста ба самтҳои алоҳидаи фаъолият мавриди таҷлил қарор дода, паҳлуҳои мухталифи онро ба диққати аҳолии кишвар мерасонанд.

Аҳамияти сиёсӣ ва иҷтимоии паём дар он аст, ки  дар он вазъи соли ҳисоботӣ мавриди таҷлили амиқ қарор гирифта, бо  пешгӯиҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва вазифагузориҳо, ҳамчун барномаи дурнамои мукаммали фаъолияти давлат барои солҳои оянда баромад  менамояд.

Ҳамчунин ассистенти кафедра Ҳаитов С. С., бо маърӯза таҳти “Мавзуи маориф дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуда, қайд кард, ки дар раванди сиёсати давлатӣ, махсусан соҳаи маориф ҳамчун соҳаи афзалиятноки сиёсати давлатӣ эътироф гардидааст. 

Бо ҳамин назардошт, илму маориф ва тарбияи насли босаводу худшинос дар маркази диққати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифтааст. 

Роҳбари давлат изҳор намуданд, ки ба ояндаи дурахшони Тоҷикистони маҳбубамон эътимоди комил доранд, зеро ба иттиҳоду сарҷамъӣ, ваҳдати миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва саъю талоши хастагинопазири ҳар фарди ҷомеа эътимоду итмиминон доранд. Дар идомаи мантиқии дастуру супоришҳои дар Паём инъикосёфта қайд намуданд, ки ҳар яки мо мардуми меҳанпарасту қавииродаи ватани азизамон, бояд итминон дошта бошем, ки таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои боз ҳам бузург комёб мегардем.

Кафедраи нигаҳдории тандурустии

ҷамъиятӣ ва омори тиббӣ бо курси таърихи тиб


14.03.2025 182

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php