ЧОРАБИНӢ БАХШИДА БА ШАРҲИ НУКТАҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ
Санаи 13.03.2025 тибқи Нақшаи чорабиниҳои донишгоҳӣ дар факултети фарматсевтии МДТ “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино” дар ҳамбастагӣ бо кафедраҳои зертобеъ дар толори калони бинои Маркази фарматсевтӣ вобаста ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ чорабинӣ баргузор карда шуд.
Сухани ифтитоҳи аз ҷониби декани факултети фарматсевтӣ, н.и.т., дотсент Юлдашева Умедахон Пулатовна оғоз бахшида, иброз дошт, ки Ҳукумати кишвар барои рушди таҳқиқоти илмӣ, таъсиси марказҳои илмӣ ва озмоишгоҳҳои муосир тадбирҳои зиёдеро амалӣ менамояд. Муассисаҳои таҳсилоти олӣ вазифадоранд, ки ба таҳқиқоти илмии сатҳи ҷаҳонӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ба рушд ва такмили илм саҳми бештар гузоранд.
Ҳамзамон, дотсенти кафедраи фармакогнозия ва ТИФ, н.и.б. Раҷабов Гадомад Одинаевич баромад намуда, қайд намуданд, ки Ҳукумат барои таъмини ҳифзи иҷтимоӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва дастгирии қишрҳои осебпазир тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намудааст. Сиёсати давлат дар ин самт ба таъмини зиндагии шоиста ва рушди устувори ҷомеа нигаронида шудааст.
Илова бар ин, профессори кафедраи кимиёи фарматсевтӣ ва заҳршиносӣ, д.и.х. Раҷабов Умаралӣ Раҷабович дар баромади хеш қайд намуданд, ки саҳми Пешвои миллат дар бунёди давлатдории навини тоҷикон шоистаи таҳсин аст. Паёми Президенти кишвар ҳамчун раҳнамои рушди давлату миллат аҳамияти калон дошта, вазифаҳои муҳимро барои ҳамаи қишрҳои ҷомеа муайян мекунад. Ҳар як шаҳрванд, корманди соҳаҳои гуногун ва ҷавонон бояд барои татбиқи ҳадафҳои дар Паём зикршуда саҳми арзанда гузорад.
Инчунин, ассистенти кафедраи технологияи фарматсевтӣ Саломзода Фароғат ва ассистенты кафедраи фармакогнозия ва ТИФ Рухшонаи Ҳакималӣ дар атрофи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуданд.
Бо итминон метавон гуфт, ки бо роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат, сиёсати дурандешона ва кӯшиши пайгиронаи тамоми қишрҳои ҷомеа, Тоҷикистон ба рушди устувор, пешрафти ҳамаҷониба ва болоравии сатҳи зиндагии мардум ноил хоҳад шуд.