СОБИҚАДОРОН-ГАНҶИНАИ МАЪРИФАТ ВА ТАҶРИБА


СОБИҚАДОРОН-ГАНҶИНАИ МАЪРИФАТ ВА ТАҶРИБА

Дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти Донишгоҳ масъулини муовинати тарбия ва Хадамоти ректор дар Рӯзи Модар ба аёдати собиқадори соҳа Бурҳонова Зебо Умроновна рафтанд.

         Бештари умри пурбаракат ва ибратомӯзи муаллима ба таълиму тарбияи насли ҷавон, бахусус мутахассисони ояндадори соҳаи тандурустӣ ва рушди сифати таълим дар Донишгоҳ сипарӣ гардидааст.

         Солҳои дароз Бурҳонова З. У. дар вазифаи муовини декани факултети тиббӣ оид ба корҳои тарбиявӣ фаъолият намуда, дар татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳ саҳми арзанда гузоштааст.

         Дар навбати худ муаллима аз таваҷҷуҳ, дастгирӣ ва иқдоми накуи роҳбарияти Донишгоҳ ҷиҳати эҳтиром нисбати собиқадорон изҳори хушнудӣ намуда, сипосгузорӣ карданд.


12.03.2025 246

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php