НАВРӮЗ – ҶАШНИ НАВСОЗӢ, САЛОМАТӢ ВА ҲАМОҲАНГӢ БО ТАБИАТ


НАВРӮЗ – ҶАШНИ НАВСОЗӢ, САЛОМАТӢ ВА ҲАМОҲАНГӢ БО ТАБИАТ

 Наврӯз яке аз қадимтарин ҷашнҳои мардуми ориёӣ ва яке аз муҳимтарин идҳои миллии тоҷикон ва дигар кишварҳои ҳамсоя мебошад. Ин ҷашн, ки бо оғози фасли баҳор ва эҳёи табиат рост меояд, на танҳо маънои фарорасии соли навро дорад, балки ба покизагии рӯҳ, ҷисм ва муҳити атроф низ таъкид мекунад. Дар тӯли ҳазорсолаҳо, Наврӯз ҳамчун як падидаи фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва ҳатто тиббӣ аҳамияти калон касб кардааст.

Донишгоҳи давлатии тибби низ ҳамчун як муассисаи таълимӣ ва илмӣ, аҳамияти ин ҷашнро эътироф намуда, онро ҳамчун фурсати хубе барои тарғиби тарзи ҳаёти солим, пойдории муносибатҳои иҷтимоӣ ва таҳкими арзишҳои фарҳангӣ медонад. Донишгоҳи тиббӣ ҳамчун як маркази илмӣ ва таълимӣ аҳамияти Наврӯзро дар барқарорсозии саломатии инсон эътироф намуда, донишҷӯён, омӯзгорон ва кормандони худро ба риояи тарзи ҳаёти солим, гиромидошти фарҳанги миллӣ ва эҳтироми арзишҳои табиӣ даъват мекунад.

Баҳор омад гули хандон баромад,

Раёҳин бо қади ларзон баромад.

Насим аз боғу саҳро мужда овард,

Ки базми булбули хушхон баромад.

Ҷашни Наврӯз бо худ на танҳо хурсандӣ ва таҷлили расму анъанаҳои миллӣ меорад, балки ба беҳдошти саломатии инсон низ таъсири мусбат мерасонад. Дар ин бахш мо ба баъзе паҳлӯҳои муҳимми Наврӯз, ки ба тандурустии ҷисмонӣ ва равонии инсонҳо таъсир доранд, назар мекунем.

Яке аз суннатҳои аслии Наврӯз тоза намудани хона, муҳити атроф ва пок сохтани руҳу ҷисм мебошад. Дар урфият ин амалиётро "хона такон" меноманд, ки маънои дур кардани ҳар гуна ифлосӣ ва ҳатто эҳсосоти манфиро дорад. Тибқи тадқиқоти олимони соҳаи тиб, муҳити пок ва беғубор ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва беҳбуди саломатии инсон мусоидат мекунад.

Дар рӯзҳои Наврӯз анъанаи пухтани хӯрокҳои дорои арзиши баланди ғизоӣ, ба мисли суманак, ҳалво, ош ва дигар таомҳои миллӣ маъмул аст. Бисёре аз ин ғизоҳо манфиати тиббӣ доранд:

Суманак – дорои витаминҳои гурӯҳи “B” ва оҳан буда, барои қувват бахшидани системаи асаб ва фаъолияти ҳозима муфид аст.

Сабзиши гандум – ҳамчун рамзи навсозии зиндагӣ, дорои моддаҳои антиоксидантӣ ва витаминҳои муҳим мебошад.

Шириниҳои табиии – ҳалво ва дигар маҳсулоти анъанавӣ, ки аз асал, меваҳои хушк ва чормағз тайёр мешаванд, барои нерӯманд сохтани бадан кӯмак мерасонанд.

Ҷашнҳои Наврӯз бо бозию рақсу сурудҳои гуногун маъруфанд, ки ҳар кадомашон барои саломатӣ судманд мебошанд. Бозиҳои мардумӣ, ба монанди бузкашӣ, гуштини миллии тоҷикӣ ва дигар намудҳои варзиш, барои нигоҳ доштани саломатии ҷисмонӣ ва нерӯи мушакҳо муҳиманд. Рақсу суруд боиси кам шудани стресс ва афзоиши сатҳи эндорфинҳо (гормонҳои хушҳолӣ) дар организм мешаванд. Гаштугузор дар табиат ва баҳравар шудан аз ҳавои тоза барои равон ва рӯҳи инсон таъсири мусбат мегузорад. Ин омилҳо на танҳо ба саломатии ҷисмонӣ таъсири мусбат мерасонанд, балки боиси беҳбудии ҳолати равонӣ ва эмотсионалӣ низ мешаванд.

Наврӯз на танҳо ҷашни фарҳангӣ, балки як имконияти бузургест барои баланд бардоштани сатҳи тандурустӣ ва зиндагии солим. Он моро водор месозад, ки муҳити худро тоза нигоҳ дорем, ғизои солим истеъмол кунем, бо наздикон муносибатҳои хуб дошта бошем ва бо табиат ҳамоҳанг бошем.

Бо ин умед, ки Наврӯз ба ҳар хонадон шукуфоӣ, тандурустӣ ва хушбахтӣ оварад, ба тамоми ҳамватанон ва дӯстдорони ин ҷашни бостонӣ таманниёти нек иброз медорем.

 

Розиқов Комрон- мутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонон


12.03.2025 286

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php