ҶАШНИ НАВРӮЗ: ТАЪРИХ, АНЪАНАҲО ВА АРЗИШҲО


ҶАШНИ НАВРӮЗ: ТАЪРИХ, АНЪАНАҲО ВА АРЗИШҲО

Наврӯз яке аз ҷашнҳои қадимтарини мардумони ориёинажод мебошад, ки таърихи беш аз 6000-сола дорад. Ин ҷашн ҳамасола бо фарорасии баҳор ва оғози соли нави шамсӣ таҷлил карда мешавад. Наврӯз на танҳо як ҷашни суннатӣ, балки як падидаи фарҳангӣ ва тамаддунӣ мебошад, ки дар чандин кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Озарбойҷон ва баъзе кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегардад.

Таърихи Наврӯз ба замонҳои бостон ва решаи он ба умқи таърих рафта мерасад. Бино бар сарчашмаҳои таърихӣ, ин ҷашнро аввалин бор шоҳи Пешдодӣ – Ҷамшед ҷорӣ кардааст. Дар асарҳои Абурайҳони Берунӣ ва Фирдавсӣ низ дар бораи таърихи Наврӯз маълумот дода шудааст. Ин ҷашн бо таҷлили пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ, гармо бар сардӣ ва ҳаёт бар марг пайвастагӣ дорад. Аз ин рӯ, мардумон онро ҳамчун оғози зиндагии нав ва эҳёи табиат истиқбол мекунанд.

Наврӯз анъанаҳои хоси худро дорад, ки дар ҳар кишвар ва минтақа бо вижагиҳои хос таҷлил мегарданд. Дар Тоҷикистон расму оинҳои зерин маъмул мебошанд:

1.     Таҷдиди манзил ва поккории хона – Пеш аз фарорасии Наврӯз мардум манзилҳои худро тоза намуда, либосҳои нав мепӯшанд ва омодагӣ мебинанд.

2.     Омода кардани хӯрокҳои суннатӣ – Дар ин ҷашн хӯрокҳои махсусе омода мешаванд, аз ҷумла суманак, ош, ҳалво, шириниҳои гуногун ва ҳафтсин ё ҳафтшин, ки ҳар яке маънои рамзӣ дорад.

3.     Бозиҳои миллии наврӯзӣ – Чун гуштин, бузкашӣ, рақсу суруд ва дигар намоишҳои фарҳангӣ баргузор мегарданд.

4.     Дидани бузургсолон ва хешовандон – Ҳамдигарро шодбош гуфтани мардум ва эҳтироми пирон яке аз суннатҳои муҳимми Наврӯз аст.

5.     Шинонидани дарахтон ва сабзаву гулҳо – Баёнгари пайванди инсон бо табиат ва муҳити зист мебошад.

Арзиши Фарҳангӣ ва Ҷаҳонии Наврӯз

Наврӯз танҳо як ҷашн нест, балки як мероси фарҳангии умумибашарӣ ба шумор меравад. Созмони Милали Муттаҳид ва ЮНЕСКО Наврӯзро ҳамчун ҷузъи мероси фарҳангии ғайримоддӣ эътироф намудаанд. Ин ҷашн мардумонро ба дӯстӣ, муҳаббат, ҳамраъйӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ даъват мекунад.

Наврӯз як ҷашни зинда ва пойдор бо таърихи қадима ва анъанаҳои бой мебошад. Он ҳамеша рамзи эҳёи табиат, меҳру муҳаббат ва сулҳу ваҳдат дар байни мардумон боқӣ мемонад. Бинобар ин, ҳифзи ин мероси гаронбаҳо вазифаи ҳар як насли ояндасоз мебошад.

 

Алишерова Н.А.- ассистенти кафедраи бемориҳои кудаконаи №1 ба номи профессор Аминов Ҳ.Ҷ.


11.03.2025 307

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php