ДОНИШГОҲ БО СИПОСНОМАҲО ҚАДРДОНӢ КАРДА ШУД


ДОНИШГОҲ БО СИПОСНОМАҲО ҚАДРДОНӢ КАРДА ШУД

Санаи 5-уи марти соли ҷорӣ дар Филармонияи давлатии ба номи Акашариф Ҷӯраев фестивали ҷумҳуриявии “Сад ранги чакан” баргузор гардид, ки дар баробари дигар идораву муассисаҳои давлатӣ дар чорабинии мазкур бонувони Донишгоҳ низ бо дарки баланди масъулият ва арҷгузорӣ ба фарҳанги бойи миллӣ бо либосҳои атласу адрас ва чакан иштироки фаъолона доштанд. Ҳадафи асосии фестивали мазкур ин ташвиқу тарғиби анъанаҳои неки миллӣ, эҳтиром ба фарҳангу таърихи рангини миллати куҳанбунёди тоҷик гуфта мешавад. Барои иштироки фаъолона, ҳифзи фарҳангу суннатҳои ниёгон ва татбиқи сиёсати фарҳангдӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Донишгоҳ бо “Сипоснома”-и Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуд. Ҳамзамон, бахшида ба Рӯзи Модар аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе низ Донишгоҳ бо “Сипоснома” сарфароз гардонида шуд.

Раёсати Донишгоҳ ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино барои таваҷҷуҳ ва қадршиносӣ изҳори сипос баён менамояд.


10.03.2025 256

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php