БИҲИШТ ЗЕРИ ҚУДУМИ МОДАРОН АСТ
Ин ҳадиси пайғамбар бузургии модарро таҷассум намудааст. Модар сарчашмаи ҳёти инсон, шаклдиҳандаи дунёи фарзанд аст. Модар тарбиятгари инсоният, нахустин мактби омӯзиш ва таълимдиҳандаи хираду дониш аст. Бинобар ин шоир дар ситоиш ва бузургии зан-модар дуруст фармудааст:
Ҷашни модар рӯзи иди модар аст,
Розҳо дар мақдами вай музмар аст...
Одамиро гар Худо орад нахуст,
Одамиятро кунад модар дуруст.
Модари фархунда шогирди Худост,
Устоди дарсгоҳи кибриёст.
Устоди дарсгоҳи кибриё дониста шудани модар аз рисолати инсонофарӣ ва одамият бахшидан ба ӯ гуфта шудааст. Модар сарчашмаи мусаффои меҳр ва зиндагибахши некхоҳи ва некандеши фарзанд аст. Модар аст, ки дунёи меҳру муҳаббати худро самимона ба фарзандаш ба идомабхши ояндаи зиндагӣ нисор мекунаду ӯро ба олами некандешӣ ҳидоят менамояд. Модар яке аз мавзӯҳои ҷовидонӣ ва дӯстдоштаи шоирону адибони тоҷик ва ҷаҳон аст. Дар васфи ин фариштаи ҳаёт аҳли адабу андеша беҳтарин суханҳо ва асарҳои безавол иншо кардаанд.
Барҷастатарин чеҳра ва симое, ки мусаввирону ҳунармандон офаридаанд, симои зан модар аст. Модари тоҷик дар радифи модарони дунё хислатҳои наҷибе дорад. Ӯ инсондӯст, зиндаги соз, тарбиятгар, меҳрубон, ботамкин, сабур, покниҳод ва дар маҷмуъ дорандаи хислатҳои неки инсоният аст. Илмҳои гуногун ва пешрафти тамоми соҳаҳои рӯзгори мо дар баробари мардон назаррас аст. Ӯ инчунин дар пойдории забон ва фарҳанги миллӣ низ саҳми мондагор дорад.
Аз ин ҷост, ки ҳамасола ҷашни Модар бо шукӯҳу шаҳомати хосса дар саросари кишвари азизамон таҷлил мегардад, ва пиру ҷавон ҳама қадршиносона аз бузургии ӯ ёд мекунанду ӯро меситоянд:
Боз аз дил шеър меҷӯям барои модарам,
Аз садоқат мекунам ҷонро фидои модарам!
Меҳри бемонанди ӯро солҳо парвардаам,
Мениҳам бо шодмонӣ сар ба пои модарам.
Муҳиддин Фарҳат
РӮЗИ МОДАР МУБОРАК!
РАҶАБОВ Р.Р.-омӯзгори калони кафедраи забонҳои хориҷӣ