ПАЁМ ВА ҶАВОНОН


ПАЁМ ВА ҶАВОНОН

Дар кафедраи акушерӣ ва гинекологии № 2 барои шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҷамъомад баргузор гардид. Дар кори ҷамъомад асосан аз таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонон сухан рафта, таъкид гардид, ки ҳар як сухани пандомӯзи Сарвари маҳбуби кишвар равшанкунандаи роҳи ҳаёти ояндаи ҷавонон мебошад. Дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир, манфиатҳои геопалитикӣ, хатарҳои терроризму экстремизм ба амнияти кишварҳои сайёра, гаравидани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва хурофотишавии ҷомеа рӯ оварадан ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ва арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанги бойи миллати куҳанбунёди тоҷик вазифа ва масъулиятҳои мебошанд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онро аз ҷавонони соҳибиқболи кишвар пайваста тақозо менамоянд.

Дар идомаи ҷамъомад роҳбарияти кафедра ва омӯзгорон барои донишҷӯён вобата ба андӯхтани илму дониш, риояи тартиботи дохилидонишгоҳӣ ва ҳамсоли инҳо ҳидоятҳои муфид доданд.

 

Кафедраи акушерӣ ва гинекологии № 2


07.03.2025 309

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php