ПАДАР ХУРШЕД, МОДАР НУРИ ОН АСТ...
Дар зиндагӣ устоди аввалин ва ғамгусори фарзандон волидайн мебошанд, ки барои устувор ва мустаҳкам гардидани меҳвари асосии оила ва тарбияи неки фарзандон нақши эшон хеле бориз мебошад. Умуман падару модар шоҳсутуни хонадон пуштбону такягоҳи ягонаи фарзандон мебошанд, ки ба қавли шоир чунин меорем:
Падар дарёст, модар оби он аст,
Падар дунёст, модар зеби он аст.
Падар кӯҳ асту модар қуллаи он,
Падар хуршед , модар нури он аст.
Модар фариштае аз ҷониби парвардигор офарида шудааст , ки маҳз рӯшании хонадон, нигаҳдорандаи асрори ниҳон ва марҳами захми қалби фарзанд мебошад ,ки аз ӯ сарчашма мегирад. Давлату дороии ҳар як фарзанд ин падару модар мебошанд, ки барои фарзандон ҳатто ҷонашонро дареғ надошта, баҳри осоиши рӯзгори рангин ва хушбахтии онҳо ҳамеша дар кору пайкор мебошанд. Барои муваффақияти фарзандон тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳанд, то фарзандонашон ба қуллаҳои мурод бирасанд.
Аз ин рӯ, бузургии падару модарро ҳар қадар тавсиф кунем, боз ҳам наметавонем ба итмом расонем, яъне дар пеши бузургии онҳо қалам оҷиз аст. Бояд зикр кард, ки ҳаёти ҳар як шахс аз меҳнати ҷонкоҳи волидайн оғоз мегардад ва он ранҷу азоб, шабҳои бехобӣ, ки модар баҳри фарзанд мекашад, ба тамоми ганҷи дунё иваз карда намешавад, махсусан шабзиндадориҳои модар дар сари гаҳвораи фарзанд, ки тамоми адибони олам васф кардаанд, ногуфтанист...
Аз гузашта то имрӯз бузургии падару модарро адибону донишмандон хеле барҷаста ифода намудаанд, ки ин нуктаро чунин меорем:
Падар пайғамбару модар фаришта,
Халоиқ ин дуто тавре навишта.
Падар шамъ асту модар моҳи тобон,
Падар инсону модар ҷони инсон.
Тавсифи модар дар забони халқ, махсусан, дар дубайтиҳо ва рубоиҳои мардумӣ, қиссаву ривоятҳо хеле моҳирона таҷассум ёфтааст:
Модар, модар каси баҳиммат бошад,
Дидори шарифи ӯ ғанимат бошад.
Аз махзани панди он бигир арзонӣ
Фардо чӣ кунӣ, ки ганҷи қимат бошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як суханрониҳои худ ба ҳамагон таъкид менамоянд, ки ба қадри падару модар бирасед ва онҳоро иззату эҳтиром намоед, дар ин дунё ҳама чизро метавон ба даст овард ҷуз падару модар. Чунон ки дар яке аз суханрониҳояшон васфи модарро намудаанд: ” Модар сароғози ҳастии башар, офаранда ва идомабахши ҳаёти инсоният мебошад . Замири ӯ аз меҳру муҳаббат ва лутфу меҳрубонӣ сиришта шудааст, ки ин хислати наҷиб модарро мавҷуди тамоми давру замон гардонидааст...”
Падару модар дарахти сабзи низоми халқанд, ки фарзандон меваҳои шодоби он мебошанд. Онон замини пурбаракате ҳастанд, ки маҳди пурмеҳрашон заминасози парвариши насли одамиён ва оғӯши гармашон, бистари муносибе барои рушду шукуфоии истеъдоди фарзандон мебошад .
Бояд зикр намуд, ки дар таърихи тамаддуни башарият ва ҳазорсолаҳо ҳастии одамият чандин пайғамбарон, чандин бузургони олам дар мисоли Арастуву Эйнштен, Гёте, М.Горкий , А.С.Пушкин, М.Турсунзода ва дигарон эҷодиёти зиёдеро андар ситоиши модар ба таври назму наср пешкаши ҳамагон намудаанд. Зимни ин мавзуъ шоири шаҳири тоҷик устод Лоиқ Шералӣ низ дар ашъораш тамоми заҳмати арзандаи модаронро ба риштаи назм кашидааст, ки ҳар мисраи шеъри шоир дар васфи падару модар риштаи қалби хонандаро ба ларзиш меорад. Мавзуи модар ва дасти дуои модар дар “Модарнома”-и шоир хеле муъҷазу мушаххас ва возеҳу равшан инъикос гардидааст. Ӯ тамоми ҳастияшро ба пуртоқативу сабурӣ,чашминтизорӣ ва шабзиндадориҳои ин офаридагори нотакрор бахшидааст, ки дар байтҳои фавқ чунин тасвир ёфтааст:
Ту монанди замин танҳоӣ, модар,
Ту монанди замин яктоӣ, модар.
Заминро ҳар қадар чун моли меросӣ,
Миёни ҳам басо тақсим карданд.
Заминро қитъа-қитъа ҳар қадар фарзандони ту,
Барои ҳамдигар тақдим карданд.
Вале як рӯз донистанд
Замин тақсим нахоҳад шуд...
Шоир дар ашъораш ҳамрадифи модар падарро низ дар мисраъҳои шеърӣ тавсиф намудааст:
Падарам, эй падари деҳқонам,
Ту ҳамехостӣ деҳқон бошам.
Наравам як қадам аз деҳ берун,
Бандаи мазҳабу имон бошам...
Нусхаи поки туям дар дунё,
Ман саропои туро мемонам.
Васфи бузургиву эътибори падару модар ҳатто дар китоби муқаддаси “Қуръони карим” ҷой дода шудааст. Падару модар гавҳари ноёбанду ганҷинаи бебаҳоянд. Вуҷуди падару модар фарзандро ба роҳи росту зиндагии хуб водор менамояд. Ҳар як панду насиҳати онон фарзандро ба роҳи дуруст ҳидоят намуда, боиси самари хуби боғи дили волидайн мегардад .
Падару модар роҳнамо, роҳкушо, пуштибон ва такягоҳи фарзандон буда, онҳоро ба ҳаёти хубу зиндагии зебо ва роҳи дуруст водор менамоянд.
Ҳамин тавр, дар таълиму тарбияи фарзанд нақши модарон хеле назаррас мебошад. Зан -модар таҷассумгари симои маънавию ахлоқӣ ва зоҳирию ботинии ҳар як халқу миллат ва ҷомеаи мутамаддун мебошад, ки сатҳи хираду маърифат, дониш, камолоту пешрафт, дирӯзу имрӯз ва ояндаи ҷомеаро инъикос намуда, баҳри сулҳу салоҳ, оромию осудагии фарзанд шароит фароҳам месозад. Дили модарони дунё ҳамеша дар тапиш аст, то даме ки фарзандро ба хушбахтӣ бирасонад ва рӯшноии ҳаёти сабзу хуррамро ба фарзанд бубахшад. Сарнавиштсози Ватани ободу осуда маҳз модари заҳматкашу дилсӯз мебошад. Пас, модар саҳифаҳои қомуси ҳаёту зиндагии фарзанд мебошад ва “Зан-маркази меҳр, қонуни ҳаёт, чароғи пурнури хонавода, намояндаи ишқ, ифодакунандаи покӣ, намунаи муҳаббат, садоқату дӯстӣ ва чашмаи бахшишҳост”.
Имрўз мо бояд дар рӯзгори хеш кӯшиш намоем, ки қадри падару модарро волотар аз ҳама ганҷи дунё бидонем ва ҳурмату эҳтироми эшонро арзанда дошта дар зиндагӣ ҳамчун гавҳараки чашм азизу муқаддас шуморем ва баҳри хидмати онҳо омода бошем ба қавли шоир :
Ба пирӣ хидмати модар падар кун ,
Ҷавонию ҷунун аз сар бадар кун .
Суфиева Г. А. -омӯзгори кафедраи забони тоҷикӣ