ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ИФТИХОРИ МИЛЛАТ
Таърихи ташаккули ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки ҷавҳари ҳастӣ ва рушду такомули ҳар як миллат аз фарзандони фарзонаю ҷонфидои он вобаста аст. Дар ин замина бо ифтихори бузург ва саодату иқболи баланд модари тоҷик дар тамоми давраҳои таърихӣ фарзандони фарзонаеро ба дунё овардааст, ки ҳастӣ ва рушду камоли миллати худро устувору ҷовидонӣ намудаанд.
Аввали солҳои 90-уми қарни гузашта тамаъҷӯӣ ва манфиатхоҳии баъзе гурӯҳҳои сиёсӣ дар Тоҷикистони тозаистиқлол боиси хисороти бузурги ҷонию моддӣ ва маънавӣ, ҳамзамон заиф гардидани шохаҳои ҳокимияти давлатӣ гардид, ки дар натиҷа дар кишвар ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ оғоз шуд. Дар ин давра миллату давлатро ҳисси ноумедиву нокомӣ ва дилшикастагию ҳасрат фаро гирифта буд. Ҳазорон нафар тарки Ватан карда, дар кишварҳои ҳамсоя паноҳ ҷӯстанд. Ҳазорон хонаҳои ободу зебо валангор ва несту нобуд гардида, шаҳрвандон бе манзили зист монданд. Кӯдакону наврасон аз мактабу дарс фаромӯш карда, интизори як пора нон буданд ва аз гуруснагӣ таббассум ва бозии кӯдаконаро ҳатто ба хотир оварда наметавонистанд. Ҷавонон бошанд ба ҷои касбу ихтисос аз худ кардан қурбони майдони ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ шуданд. Ҷомеаро дар маҷмӯъ гумроҳию сарбастагии сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ фаро гирифта буд.
Дар ин лаҳзаҳои ҷонкоҳу вазнин халқи Тоҷикистон дар интизори нафаре буд, ки давлату миллатро аз завол ёфтан наҷот диҳад ва муттаҳиду сарҷамъ намудаву ба рӯзҳои хушу босаодат расонад.
Хушбахтона чун давраҳои дигари таърихӣ дар ин давра низ масъулияти ватандорию ватансозии миллати моро фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба уҳдаи худ гирифтанд ва бо ҷасурию матонат, хираду дурандешӣ, ҳисси баланди хештаншиносӣ ба майдони сиёсат ворид гардида, шонздаҳуми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии кишвар ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ бо суханронии нахустини худ дар дили сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлол шӯълаи умедро ба фардои нек барафрухтанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро аз майдони ҷанг ба саҳни донишгоҳу донишкадаҳо кашониданд ва дасташонро аз яроқ ҷудо карда, ба сӯи корҳои ободонию созандагӣ равона намуданд. Зиндагӣ оҳиста-оҳиста ранги дигар гирифта дар лабони кӯдакон аз нав табассум маъво гирифт, дар чеҳраи модарон нишоне аз осоиши рузгор падид омад, падарон аз нав ба умеди беҳбуди ояндаи хонадони хеш бо дили гарму дасти гиро пайи касбу кори ҳаррӯза гаштанд. Зиндагӣ рӯз аз рӯз ва сол ба сол рангу маънии тоза пайдо кард ва ҳамаи ин бешак аз талошу ҷонбозиҳои як нафар фарзанди ҷонфидои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки баъдтар миллати қадршиноси тоҷик дар ҷавоби ин ҳама ҷонбозиҳо ӯро Пешвои худ эълон дошт.
Бале, имрӯз модарону падарони мо аз бахти накӯи худ ҳаққонӣ меболанд. Дар тӯи фарзандон дар фазои орому осоишта мерақсанд, шодию хурсандӣ мекунанд.
Вале, саволе ба миён меояд, ки чи гуна мо тавонистем аз як кӯчаи навмедию нокомӣ ва фақирию нодорӣ якбора ба ин рӯзҳои шоистаю нек расем? Ҷавоб ба ин савол ҳазорҳо ҷилд китоб мешавад. Вале, мехоҳем ба он як ҷавоби кутоҳ гардонем: Бешак, ҷасурӣ, таҳаммулпазирӣ, ҷонфидоӣ, инсондӯстӣ, маҳорати баланди роҳбарӣ, зиракии сиёсӣ, дурандешӣ, бахшояндагӣ, хирадмандӣ ва қаҳрамонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати ҷафокашидаи моро ба ин рӯзҳои нек расонид. Инро ҳар яке тоҷики худшинос ва ватандӯсту дилогоҳ бо мағзи ҷонаш ҳис мекунад.
Бале, ҷонфидоии Ӯ буд, ки мо имрӯз ҳастем. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷасурӣ масъулияти ватандорӣ ва давлатсозиро ба ӯҳдаи худ гирифт ва бо боварии қавӣ қадамҳои нахустин дар роҳи эъмори давлати миллӣ ва соҳибистиқлол гузошт. Ҳама камию костагӣ ва монеаҳои субъективию объективӣ, хиёнату дурӯягӣ, душманию бадбинӣ ва носипосию манфиатхоҳии шахсиятҳо ва гурӯҳҳои алоҳидаро таҳаммул кард. Рӯҳи миллат бо Ӯ буд. Таърих роҳбари давлатеро ёд надорад, ки бо чунин ҷасурӣ ба назди мухолифон ва гурӯҳҳои мусаллаҳ ба қароргоҳи онҳо рафта, бо онҳо як ба як суҳбат карда бошад.
Сарвари ҷавони тоҷикон ҷасурона ба низоми сиёсии ҷаҳони муосир ворид шуда, баъд аз садсолаҳо садои миллати тоҷикро бо лаҳни ширини тоҷикона ба гӯши ҷаҳониён расонид. Эҳё ва рушду нумӯи ҷаҳонии миллати тоҷик оғоз шуд. Бо ташаббусҳои инсондӯстонаи худ дар масоили таъмини ҷаҳониён бо оби нӯшокӣ аз қабили «2003 – Соли байналмилалии Оби тоза», «Солҳои 2005 – 2015 Даҳсолаи байналмилалии Об барои ҳаёт», «Соли 2013 Соли ҳамкорӣ дар соҳаи об», «Солҳои 2018 – 2028 Даҳсолаи байналмилалии Об барои рушди устувор», соли 2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ташаббускори мушкилоти глобалӣ ба ҷаҳониён шиносонид.
Эмомалӣ Раҳмон комилан исбот намуд, ки мо таърихан ва табиатан соҳибдавлатем ва таҷрибаи давлатдорию давлатсозие дорем, ки дар сиришти мо нӯҳуфтааст.
Ҷузъиёти дигаре, ки мехоҳем доир ба он сухан гӯем ин бедорсозӣ ва эҳёи хотираи таърихии миллат мебошад. Дар тули зиёда аз ҳазор соли бедавлатӣ ва ҳафтод соли Иттиҳоди Шӯравӣ миллати моро бегонашавӣ ва гумроҳию бефаҳмии миллӣ фаро гирифта буд, ки ҳар замон ба сиришт ва рӯҳияи худшиносии миллии мо таҳдид мекард. Ин хатари ҷиддӣ дар роҳи завол ёфтани миллат буд. Нигоҳ накарда ба вазъи ноустувори сиёсӣ ва шиддат пайдо кардани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали роҳбарӣ ба эҳёи асолати миллӣ оғоз намуданд. Баргузор намудани ҷашнвораи шоирони адабиёти классик ва муосир, «Соли тамаддуни Ориёӣ», 1150 солагии Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, 1100 солагии Давлати Сомониён ва бунёди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, ҷашнвораҳои шаҳрҳои Истаравшан, Кӯлоб, Ҳисор, Соли бузургдошти Имоми Азам Абӯҳанифа, 5500 солагии Саразм, эҳё, навсозӣ ва ба мероси умумиҷаҳонӣ ворид намудани ёдгориҳои таърихӣ, ҷашнҳои миллӣ, фарҳанги миллӣ, ба номи фарзандони фарзонаи миллат номгузорӣ шудани шаҳру ноҳияҳо, хиёбонҳо, кӯчаҳо, муассисаҳо ва боғу гулгаштҳо, таъсиси унвону ҷоизаҳои давлатӣ ба номи бузургони миллат, ба муомилот баровардани пули миллӣ бо акси қаҳрамонон ва фарзандони ватандӯсту фарзонаи миллат ва ҳазорҳо корҳои дигар, ки хотираи таърихии мо зинда гардид.
Нуқтаи дигаре, ки мехоҳем таъкид созем ин таваҷҷуҳи зиёд доштани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон мебошад. Пешвои миллат нисбат ба мо ҷавонон эҳтироми зиёд доранд. Ҷавононро дӯст медоранд ва тамоми шароитро барои инкишоф ва рушду нумӯи онҳо фароҳам овардаанд.
Пас мебояд мо- ҷавонон, аҳли зиё ва кулли ҷомеъаи муттамаддини кишвар ҷавобан ба ғамхориҳои падаронаи фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳру садоқати самимии худро ба ин кишвари биҳиштосо ва арзишҳои волои он дар кору фаъолияти ҳаррӯзаамон зоҳир намуда, баҳри фардои дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол муттаҳидии хешро дар атрофи Пешвои муаззами миллат собит созем...
Б.Н. Усмонзода,
ассистенти кафедраи урология
ба номи профессор А.С.Осимӣ