АСОСИ НУРИ РӮЗГОР-МОДАР
Мо ҳамеша ба нерӯи созандаи занону бонувони ватандӯсту ободгари кишвар такя мекунем ва нақши онҳоро дар устувор гардонидани оила, тарбияи шоистаи фарзандони боадабу соҳибмаърифат, инчунин заҳмату талошҳои пайгиронаи онҳоро дар рушди мамлакат басо арзишманд мешуморем.
Эмомалӣ Раҳмон
Зан оинаи поку беғубор, инъикоси симои зоҳирӣ ва ботинии ҳар халқу миллат ва давлат аст. Ба ин маънӣ занону бонувон оинаи Тоҷикистон ҳастанд, ки сатҳи хираду маърифат, одобу ахлоқ, камолоту пешрафт, гузашта ва имрӯзу ояндаи миллату давлати моро дар худ таҷассум мекунанд. Орзу мекунем, ки он оина ҳамеша покизаву мусаффо, зебову пурҷило ва беосебу ҷаҳоноро бошад.
Хуршед нихам ном туро ё ки ҷаҳонтоб?
Модар, зи бузурги сару пои ту нигин аст.
Бар гуш расад аз ту садое хушам он рӯз.
Эй хуш, бувад он руз садоят ба танин аст.
Модар ситораи зиндагӣ, ситораи дурахшонест, ки чахонро нуру ҷило мебахшад. Офтобест, ки лаҳзае аз болои куҳе баромада, дунёро равшанию ҳаёт мебахшад.
Модар ба кавли бузургон бо як дасташ гаҳвора ва бо дасти дигараш дунёро такон медиҳад. Аз бисоти бузургаш ба фарзандон шири сафед медаҳад. то дар зиндагӣ рохи сафеду бахти сафед ёраш бошад. Барои ба тарбият бавоя расонидан ва баобру гардиданаш кӯшиши зиёде мекунад. Даме тифлаш роҳгардон мешавад, модар мефахрад.
Бузургии Зан-Модар, пеш аз ҳама, дар он таҷассум меёбад, ки ӯ посдори забон ва таъриху фарҳанги миллӣ мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон
Мавқеи занон дар замони соҳибистиқлолии кишвар ва фаъолияти эшон дар ҳама соҳаҳо аз ҷумла дар соҳаи тандурустӣ, ки дар Паёми навбатии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 28.12.2024 ироа гардид, мавзуи занон ва мавқеи онон дар ҷомеа ҷойгоҳи хоса дорад. Сарвари давлат чун хамеша занонро нерӯи созандаи ҷомеа дониста, ба мавқеи онон дар ҷомеа таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамоянд ва ба нақши бонувон дар рушду созандагии кишвар эътимоду боварии комил доранд. Пешвои миллат аз азму иродаи қавӣ ва масъулиятшиносии занон сухан ба миён оварда, дастур доданд, ки занону бонувон бештар ба корҳои таълим ва роҳбарӣ ҷалб карда шаванд. Зани тоҷик ҳамеша толиби сулҳу ваҳдат, зиндагии осуда ва оромии кишвар буд ва хоҳад монд.
Модарон беҳтарин пушту паноҳ, арзандатарин ҳастии ҳаёт, равшандиҳандаи ҳар як хонадон қуввату мадори дилҳои нотавонанд. Онҳо сабабгори ҳамаи афзалиятҳои зиндагианд. Модарон қуввати дилу ҷонанд, ки дар ҳар таппиши дил ба мо ақлу заковат, меҳру муҳаббат ва эъҷозу ҳикмату хираду сарват мебахшанд.
Қодирова Д. С.-
ассистенти кафедраи
беҳдошти муҳити зист