МОДАР САРЧАШМАИ ҲАСТИИ ҲАЁТ
«Модар азизтарин вуҷуди рӯйи Замин мебошад ва зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегирад. Мо вуҷуди муқаддаси модарро аз аввалин лаҳзаҳои ҳаёт то дами вопасин фаромӯш намекунем, чун ӯ ҳангоми шодиву нишот ва ғаму андуҳи зиндагӣ ҳамеша ҳамроҳи мост»
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Бешак, сарчашма ва сабаби ҳастии башарият Зан – Модар аст. Бузургии Зан – Модар, пеш аз ҳама, дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва ба камол- расонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад.
Модар – калимае мебошад, ки ҳамагӣ аз панҷ ҳарф таркиб ёфтааст. Вале дар мазмуну мӯҳтавои он як ҷаҳон маънӣ, шукӯҳу шаҳомат нуҳуфта аст, ки дар тасвирашон садҳо достону романҳо офарида ва ғазалу таронаҳо сароида шуданд. Ин мафҳум барои ҳар як инсон ончунон азизу муқаддас аст, ки барои ҳифзи ҷону нангу номусаш фарзандони арзанда ҷони худро дареғ намедоранд.
Вақте ки вожаи муқаддаси “модар”-ро ба забон меорем, қабл аз ҳама, пеши назар симои ҷаззобу нуронии шахси бароямон ҳамеша азизу арҷманд, гаронмоятарин мавҷуди рӯйи Замин ва сароғози ҳастии насли башар, сарчашмаи мусаффои меҳру муҳаббат, ягона шахси дар пастию баландиҳои рӯзгор барои инсон мунису ғамхор ва, дар маҷмуъ, офарандаву идомадиҳандаи зиндагии инсон ҷилвагар мешавад. Зеро, агар Хуршед бо анвори хеш ҷаҳонро файзу рӯшноӣ ва хуррамӣ бахшад, пас, меҳру муҳаббат ва раҳму шафқати зан-модар нури зиндагии инсон, сарчашмаи саршори рӯзгор ва ободию осудагии ҳар хонавода маҳсуб меёбад.
Модарон арзандаи ҳамагуна эҳтирому дӯстдорианд. Зеро, меҳрубонтарин инсонҳои рӯи оламанд ва фарзандро дар ҳама ҳолат дастгиранду дилсӯзу бахшанда. Hавозиши дастони модар барои фарзанд беҳтарин истироҳат аст, новобаста ба синну сол.
Агар ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, дар навбати худ ободии ҳар як хона дон аз рӯҳияи солиму созанда, сатҳи маънавиёту маърифатнокӣ ва тандурустии зан-модар вобаста аст. Нақши модар махсусан дар тарбия, омӯхтани забон, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир ва умуман камолоти маънавӣ ва ҷисмонии фарзанд хеле барҷаста мебошад.
Модар чароғи умри мо – фарзандон, дар зиндагист. Маҳз меҳри бепоён ва навозишҳои гарми модар моро бо оламу одам ошно сохтааст. Ҳамин меҳрубониҳои ӯст, ки модарро офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерубахши руҳу ҷон меноманд.
Маҳз ба ҳамин хотир, мардуми тоҷик ва умуман, аҳли башар ба ин тимсоли беҳамтову ҷовидона арҷ мегузоранд, бузургии ӯро ситоиш менамоянд ва дар наздаш ҳамеша сари таъзим фуруд меоранд.
Аз ин хотир, дӯст доштан, эҳтиром кардан, ба қадри ранҷу заҳмат ва меҳру муҳаббати модар расидан қарзи инсонии ҳар як фарзанд аст. Беҳуда нест, ки дар таърихи ҳамаи тамаддунҳои ҷаҳонӣ эҳтироми волидайн яке аз меъёрҳои меҳварии ахлоқӣ буда, мақому мартабаи модар аз ҳама баланд аст. Дар мавриди шинохтани ҳаққи падару модар ва ба ҷо овардани иззату икроми онҳо Унсуралмаолии Кайковус ба фарзанди худ чунин насиҳат мекунад: «Бидон, эй писар! Офаридгор чун хост, ки ҷаҳон обод монад, падару модарро сабаби ҳастии фарзанд кард.
Бинобар ин, ба фарзанди хирадманд воҷиб аст, ки хизматгузорӣ ва нигоҳ доштани ҳурмати падару модарро ба зимма гирад. Ва дар як ривоят хондаам, ки «аввали амр модару падаранд». Пас мо фарзандон ин рисолатро танҳо дар сурате адо карда метавонем, ки ба қадри шири поку сафед, меҳрубониву навозиш, ғамхориву парастории самимии модарону занон ва хоҳарону духтарони худ бирасем.
Чунки зан ва модари тоҷик дар тамоми давраҳои таърихи халқамон барои ҳастии забон, пойдории миллат ва рушди фарҳанги миллӣ ғамхорона ва содиқона хизмат кардааст. Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дар доираи сиёсати иҷтимоии худ бо дарназардошти мақому мартабаи шоистаи занон ва вобаста ба масъалаҳои таҳкими қадру манзалат ва таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии онҳо аз оғози даврони истиқлолият то имрӯз хеле санадҳоро қабул ва татбиқ кардааст.
Бояд гуфт, ки дар сатҳи давлатӣ ва бо тантанаву шукӯҳи хосса ҷашн гирифтани Рӯзи модар нишонаи эътибору эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати кишвар нисбат ба модарону занон мебошад, зеро нақши занону модарон дар ободии хонадон, тарбия кардану ба воя расондани фарзандон ва дар онҳо парвариши эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳӣ, ҳисси миллӣ ва ифтихори ватандорӣ беназир аст.
Аз ин хотир, дӯст доштан, эҳтиром кардан, ба қадри ранҷу заҳмат ва меҳру муҳаббати модар расидан, қарзи инсонии ҳар як фарзанди бедордил ва бонангу номус мебошад.
Ходжаева Н.Н.-дотсенти кафедраи беморихои кӯдаконаи№2