РАСИДА “РӮЗИ МОДАР”- МОДАРИ ҶОН...
Модар ноёбтарин неъмати дунё, сарманшаи муҳаббати беканор ва азизтарин шахсияти башар аст. Модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерубахши рӯҳу ҷон мебошад. Меҳри бепоён ва навозишҳои гарми ӯ сафобахши рӯзгор ва фонуси ҳаёти мост. Бунёди ҷомеаи демократū, ҳукукбунёд ва дунявū маҳз бо шарофати ҳамовозию дастгирии фаъолонаи занони Тоҷикистон мавқеи устувору пойдори худро пайдо кард. Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз вохӯриҳои худ бо занони фаъолу эҷодкори мамлакат чунин иброз доштанд: «Давлате, ки нисбат ба модар - сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсонї, бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медиҳад». Вобаста ба ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сиёсати иҷтимоии худ бо мақсади ҳалли биёр масъалаҳои марбут ба ҳаёти занон як қатор барномаҳои муҳимми давлатиро тарҳрезӣва амалӣнамуд, ки ҳар кадоми онҳо дар баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеаи озоди мо нақши босазое доранд. Боиси тазаккур аст, ки баробарии ҳуқукҳои занон ва мардон аз моддаи 17–уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маншаъ мегирад. Дар робита ба ин соли 1999 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ба имзо расидааст, ки барои ҷалб намудани занон ба корҳои ҷамъиятӣва вазифаҳои давлатӣбоз ҳам бештар мусоидат намуд. Барои татбиқ намудани ҳадафхои сиёсати ҳукумати кишвар соли 2006 Барномаи давлатии «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016» таҳия гашт, ки он барои ҷалб намудани занон ва духтарони болаёқат дар вазифаҳои роҳбарии давлатию ҷамъиятӣзамина гузошт. Соли 2010 бошад ҳукумати мамлакат «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010–2020» - ро таҳия ва қабул намуд. Бонувони Точикистон дар корҳои давлатдорӣва сиёсат низ фаъол буда, вазифаҳои хело масъулро ба ӯҳда доранд. Бо қаноатмандиву ҳисси ифтихор бояд изҳор намуд, ки қисмати зиёди донишҷӯдухтарон дар ҷоддаи азбаркунии донишу малакаҳои касбї, ширкат намудан дар озмуну олимпиадаҳо ва конфронсу симпозиумҳои ҷумҳуриявию бурунмарзӣшарафи донишгоҳро баланд бардоштаанд.Инсон баъд аз раҳо гаштан аз оғӯши гарми модар қиммати ӯро хубтар дарк мекунад, зеро барои фарзанд ба мисли канори модар макони биҳиштосои дигаре нест.Пайдост, ки абармардони олам, шоҳон, шоирон ва олимони машҳури сайёра назди хидмати модар сари таъзим фуруд овардаанд,зеро парвардаи боғи муаттари дунёи ҳавасҳои модаронанд. Аз ин рӯ, донистани қадру манзалати модар вазифаи муқаддаси мост. Модар аз ноёбтарин неъматҳои дунёи тифл, сарчашмаи муҳаббати беканор, чашмаи мусаффову махзани ганҷи фарзанд, ҳимматбаландтарин шахси башарият аст. Маҳз меҳри бепоён ва навозиши гарми модар моро бо оламу одам ошно сохтааст. Хизмату заҳмати модар барои башарият беқиёс аст ва бузургони мо ҳам беҳуда нагуфтаанд:
Якшаба он ранҷ, ки модар кашид,
Бо ду ҷаҳонаш натавон баркашид.
Дар ҳақиқат, арҷ гузоштан ба мақому манзалат, қадру қиммат ва иззату эҳтироми модарону занон қарзи фарзандӣва вазифаи ифтихории ҳар як инсони соҳибхирад аст. Ин рисолатро мо дар сурате адо карда метавонем, ки ба қадри шири поки модарон, меҳрубониву ѓамхории самимиии занон ва хоҳарону духтарони худ бирасем. Дар даврони соҳибистиқлолӣнақши занону духтарон дар риштаи маориф ва ҳифзи тандурустии мардум бузург гаштааст. Зани тоҷик табиатан тарбиятгар ва бо хоксориву меҳрубониаш марҳами дили дардмандон аст. Модарону хоҳарони азизи мо дар ин ду соҳаи муҳимми иҷтимоӣрисолати хешро ҳамеша сарбаландона ба ҷо оварда, сазовори ҳурмату эҳтироми баланди аҳли ҷомеа гардидаанд.Заҳмати шабонарӯзї, бедорхобї, пурбардории онон танҳо ба худашон хос буда, касро ба ҳайрат меорад. Бо тамоми ҳастӣ дар тарбия одобу ахлоқи ҳамида ва донишу маърифатро ба фарзандон арзонӣ медоранд. Ҳамин аст, ки баъд аз Офаридгор модар нахустин устоди кулли инсоният дар рӯи сайёра аст. Бесабаб нагуфтаанд, ки аҷаб дунёи рангину зебо дорад модар. Ӯ оромиву сиҳатӣ ва хушгуфтории фарзандро дида меболад, ифтихор аз муваффақиятҳои пайвандонаш мекунад, тамоми ҳастии худро баҳри осудаҳоливу болидахотирии аҳли хонадонаш мебахшад. Ба мисли шамъе, ки худ сӯхтаву ба атроф рӯшноӣ мебахшад.Зиҳӣ Модар бо чунин қудрату матонат, эҳсону ҷасорат ва меҳру садоқати беканор, ки бузургони олам пешат сар фуруд оварданд.
Дилам хоҳад равам бар кӯи модар,
Вуҷудам пур шавад аз бӯи модар,
Тамоми рӯи дунёро бигаштам ,
Надидам рӯи хуш чун рӯи модар.
Зан – модарро инсоният аз азал фариштаи рӯйи замин, олиҳаи ҳусну малоҳат медонад. Ҳамаи ин хислатҳои модар - меҳри шири сафедаш, муҳаббати беғаразона ва заҳматҳои ҷонсипораш, ғамхориҳои бемислу садоқати самимиаш боис гардида, ки инсон баҳри гиромидошти Зан – Модар, як рӯзеро барояш ва ба номаш ид сохта. Ҳамасола санаи 8-уми март «Рӯзи байналхалқии занон ва модарон» дар тамоми гӯшаю канори дунё ҷашн гирифта мешавад, ки таърихи ба вуҷуд омадани ин рӯз низ бо ибтикори зан аст.Истиқболи Рӯзи модар аз замони шӯравӣ ба мо мерос мондааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз давлатҳои озоду демократӣ ва ҳуқуқбунёд буда, занон бо мардон баробарҳуқуқанд. Ин аст, ки бо ибтикор ва пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 3 ноябри соли 1995, № 98 номгузории “Рӯзи байналхалқии занон” — ро ба “Рӯзи модар” иваз намуд. Ҳар сол “Рӯзи модар” дар Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати идона ҷашн гирифта мешавад.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми апрели соли 2017 таҳти №158 барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022 қабул гардидаву тасдиқ карда шуд. Қайд кардан зарур аст, ки занону модарон пеш аз ҳама барои тарбияи насли ҷавон, инчунин барои рушду нумӯи Ватани азизамон дар ҳама сохторҳои қудратию давлатӣ фаъолият менамоянд. Мақсаду ҳадафи Ҳукумати мамлакат ин таъмини дастрасии занону духтарон ба хизмати давлатӣ мебошад. Ин низ аз бузургиву беҳамтоии зан – модар далолат медиҳад. Ва беҳуда шоир нафармудааст, ки:
Зан набошад, зебу зиннат нест дар маъвои мо,
Ҳуш дар сар, равшанӣ дар дидаи бинои мо.
Зан набошад нест дар рӯи замин нақши ҳаёт,
Дон, ки бе зан то абад дар гил бимонад пои мо!
Идатон муборак – Модарони азиз!
Зарипов А.Р.- н.и.т.,дотсент, мудири кафедраи стоматологияи ортопедӣ.
Шарипов Х.С. – н.и.т., директори МТИК “Стоматология”