БОҒҲОИ ФАРҲАНГИЮ ФАРОҒАТИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ – МАКОНИ ИСТИРОҲАТИ МЕҲМОНОНИ ДОХИЛИЮ ХОРИҶӢ!
Талошҳои пайваставу доимии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдому заҳматҳои ҳамарӯзаи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе боис барон гардидааст, ки имрӯз шаҳри Душанбе ба яке аз маконҳои истироҳату фароғат барои сокинони мамлакат ва меҳмонони дохилию хориҷӣ гардидааст. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар мамлакат, бахусус, пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе бо ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷонибдории роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ин иқдомҳои созанда даҳҳо боғҳои замонавии фарҳангию фароғатӣ таъсис ёфта, ҷиҳати беҳсозии сатҳу сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагиву фароғат ба сокинону меҳмонон тадбирҳои амалӣ татбиқ мегарданд. Инчунин дар ин давра инфрасохтори боғҳои фарҳангиву фароғатӣ ва маконҳои сайру саёҳатии шаҳри Душанбе ба маротиб беҳтар гардонида шуд. Дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат дар шаҳри Душанбе боғҳои фарҳангу фароғатӣ, гулгашт ва майдончаҳои зиёди варзишӣ бунёд ва навсозӣ гардиданд, ки феълан сокинону меҳмонони пойтахт аз онҳо ба таври васеъ истифода мебаранд. Мақсад аз бунёди боғҳо ва муассисаи фарҳангӣ фароҳам овардани шароити мусоид баҳри қонеъ гардонидани ниёзҳои маънавӣ ва зебоиписандии аҳолӣ, ташкили самарабахши истироҳату фароғатӣ аҳолӣ, такомули фаъолияти иҷтимоӣ ва эҷодии шаҳрвандон мебошад. Ҳамчунин, таъмини муҳити зист ҳамчун ҳудуди табиии шаҳрсозӣ ба хотири фароҳамсозии фазои боҳаловати равонӣ ва экологӣ барои сокинону меҳмонони маҳал ва ҳифзу барқарорсозии низоми экологӣ равона гардидааст. Ҳарчанд боғҳои фарҳангиву фароғатӣ дар миқёси ҷумҳурӣ мавҷуд буданд, вале бо вазидани насими тозаи Истиқлоли давлатӣ ва дастгирию пуштибонии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ боғҳо рангу ҷилои тоза касб карданд. Бунёди боғҳои фарҳангиву фароғатӣ, ки бо тарҳи замонавӣ дари худро ба рӯи шаҳрвандон ва меҳмонон боз намуд, яке аз ин бунёдкориҳост. Ҳамаи ин ободкориву созандагӣ аз самараи истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу Ваҳдат буда, барои ҳар як шахси ватандӯст ва асил арзиши олӣ доранд.
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеаи Хадамоти ректори Донишгоҳ