ТЕРРОРИЗМ – ТАҲДИД БА АМНИЯТИ МИЛЛӢ


ТЕРРОРИЗМ – ТАҲДИД БА АМНИЯТИ МИЛЛӢ

Терроризмро ҳамчун таҳдид ба амнияти миллӣ низ номидан мумкин аст. Ба вуҷуд овардани ҳолати ҳимоятшавандагии манфиатҳое, ки ба сифати объекти терроризм интихоб шудаанд, хавфи сар задани онро коҳиш медиҳад. Аз ин рӯ, хавф низ метавонад дар муносибат бо терроризм вуҷуд дошта бошад. Дар мавриди терроризм хавф бо ҳолати номуайянӣ ва иштибоҳҳои раванди ташкили таъмини амният робита дорад. Бинобар ҳамин, давлатҳо дар таъсиси қонунҳои моделӣ дар самти мубориза бо терроризм лоиҳаҳои гуногунро амалӣ намуданд. Аз он ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин ҳуҷҷати муҳим ба монанди Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 (Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2016), Консепсияи миллии муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом барои солҳои 2018-2025 (Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2018), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм” аз 16 ноябри соли 1999, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)” аз 8 декабри соли 2003, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом” аз 25 марти соли 2011 қабул гардиданд. Дар баробари санадҳои меёрии ҳуқуқии зикргардида, дар самти муқовимат бо терроризм ва экстремизм Қонуни конститусионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи вазъияти фавқуллода” аз 3 ноябри соли 1995 № 94, меъёрҳои дахлдори Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998 № 574, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 20 марти соли 2008 №362, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи амният” аз 28 июни соли 2011 №721, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 марти соли 2013 № 939 “Дар бораи силоҳ”, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муҳим доранд.

Барои пешгирӣ намудани сиёсисозии ислом ва суистифода аз эътиқоди динии аҳолӣ, давлат бо қарори махсус фаъолияти ҳизбҳои динӣ ва ҳаракатҳои дорои характери диниро дар системаи сиёсии мамлакат манъ намуд. Дар ин бора Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки “мо ҳама гуна кушишхои сиёсисозии дини мубини Исломро маҳкум мекунем ва бар зидди хурофот ва таасуби динӣ мубориза мебарем. Чунки хурофот сади роҳи пешрафт мебошад ва мо окибатхои ин раванди хатарнокро дар мисоли баъзе кишвархои минтақа дида истодем. Гузашта аз ин – хурофот ҷаҳолат аст ва ҷаҳолат, ки бесаводиву бемаърифатӣ асоси он мебошад, сабаби ҳамаи бадбахтиҳо ба шумор меравад.

 

Амонова С.Б., 

дотсенти кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ


13.03.2025 867

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php