ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД


ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Модар барои ҳар инсон азизтарин кас аст ва бесабаб нест, ки муқаддастарин мафҳум, яъне Ватанро бо мафҳуми модар баробар ва ҳамрадиф, донистаанд. Ин ду мафҳум барои ҳар як инсони соҳиб аслу соҳиб ватан арзишу манзалати якхела доранд. Агар тамоми неъмати дунё аз байн биравад, ба шарте, ки зан дар саҳнаи ҳаёт вуҷуд дошта бошад, зиндагӣ боз ҳам қобили таҳаммул аст. Зан барои башарият аз олитарин неъматҳои Худост, ӯ шабу рӯз нигаҳбони ҳаёту созандаи шахсият аст.

    

       Ҳанӯз дар оғози соҳибистиқлолии кишварамон дар яке аз баромадҳои худ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арз дошта буданд, ки “Зан тавлидгару мураббии инсон ва устоди беназири фарзанд аст. Нахустин мактаби инсон мактаби модар мебошад, ки ҳамаи мо таҳти парасторӣ ва навозиши ӯ ба камол расида, сабақи одамият омӯхтаем”.

 

        Зан беҳтарин мӯъҷизаи парвардигор аст. Худованд ба зан зебоӣ, иффат, дилрабоӣ, шуҷоат, садоқату ҳунармандӣ, меҳру муҳаббат, наслофарӣ ва фариштахӯиро эҳдо кардааст. Дар хонадоне, ки аз меҳру навозиш ва файзу нусрати зан баҳравар нестанд, он ҷо баракат нест. Охир, беҳуда нагуфтаанд: «Саодати зиндагӣ дар калимаи зан нуҳуфтааст». Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз инсонро дар лобалои ҳама тазодҳои зиндагӣ ба фазлу муҳаббат мисли модар ҳидоят карда наметавонад. Ва ба ҳамин маънӣ Сарвари кишварамон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар васфи зан-модар суханронӣ кардаанд: «Ҷомеае, ки ба зан-модар ғамхорӣ менамояд, ба ояндаи худаш ғамхорӣ мекунад. Давлате, ки нисбат ба модар ин сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсон бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медиҳад».

           

Модар, чӣ калимаи муққадас аст. Ҳар як инсон аз модар ба дунё меояд. Модар ҳар як фарзанди худро бо меҳри беандозаву муҳаббати бепоён ба воя мерасонад. Меҳру муҳаббати модар нисбат ба фарзанд бемисл аст.
Модар фарзандашро ҳанӯз дар вақти дар батнаш будан дӯст медорад, эҳтиёт мекунад. Тамоми фикру зикраш барои сиҳату саломат тифлашро ба даст гирифтан аст.

Шоир беҳуда нагуфтааст:

Якшаба он ранҷ ки модар кашид,

Бо ду ҷаҳонаш натавон баркашид.

 

Дар ҳақиқат модар ягона шахси мунису ғамхор барои мост “Ҳар нафас аз аҳволи мо пурсидан аст”.

Барои фарзандаш тайёр аст, ки ҳатто ҷони худро фидо кунад. Мо фарзандон ҳам бояд ба қадри модар бирасем. Ӯро дӯст дорем, меҳрубон бошем. Зеро, ки дунё бе меҳру муҳаббати модар, бе ҳастии модар ҳеҷ аст. Ҳастии модар барои ҳар як шахс бахти бузургест, домони модар биҳишти воқеии ҳар як инсон аст. Аз ҳама шахси бахшоянда, дуогӯ, меҳрубон, мушфиқ, ғамхор, дӯстдорандаи фарзанд танҳо модар аст.

 

Бузургон дар васфи модар шеърҳои зиёде гуфтаанд, ҳофизон онҳоро ба оҳанг дароварда сурудаанд.

Ҷаҳонсозу ҷаҳоноройӣ, эй зан,

Сутуни гунбади миноӣ, эй зан.

На танҳо қалъаи дилҳоӣ, эй зан,

Ки ҳатто қалъаи дунёӣ, эй зан.

       

Зан нерӯи тавоноест, ки метавонад ҷомеаро қувват бахшад. Тамоми ҳастии инсонҳо ба зан вобастааст. Зан бо қалбу идроки пурэҳсоси худ метавонад, саҳмгузори тамоми мушкилоти рӯзгор гардад.   Ҳамин тариқ, зан боиси хушбахтии одамон, василаи пойдории ҳаёт ва чароғи хонадони мост. Зан офтобест, ки оламро бо ҷамоли худ зебо мегардонад, оташест, ки дилҳоро ба зиндагӣ гарм мекунад. Агар ба таърих назар намоем, хоҳем дид, ки зан ҳамчун модар, ҳамчун қаҳрамон, ҳамчун суханвар ва ҳамчун бунёдкор чӣ хизматҳои бузурге барои башарият кардааст.

 

Хоҷаева С.М.

омӯзгори калони кафедраи

анатомияи одам ва истилоҳоти

тиббии лотинӣ ба номи Я.А.Раҳимов


 


04.03.2024 981

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php