ИФТИХОРИ ВАТАНДОРӢ


ИФТИХОРИ ВАТАНДОРӢ

Рӯзи ман сар мешавад ҳар рӯз бо шеъри Ватан,

Пос дорам, мисли модар номи некат эй Ватан.

Мекунад шеъри дилошӯбат маро аз худ бадар,

То ба даҳрам мекунад сад решапайванди дигар.

        Оре, Ватан, як вожаи бузургу муқаддас ва сарзаминест, ки дар зери мафҳумаш тамаддун ва таърихи ҳар як халқу миллат ҷойгузин мебошанд. Ҳар фарди бо нангу номус бояд зодгоҳи пайвандонашро дӯст дорад, ба он муҳаббат ва садоқати беназир дошта бошад ва арзишҳои миллиашро ҳифз намояд. Мо тоҷикон сарфароз аз онем, ки зодаи кишвари соҳибистиқлол ҳастем. Маҳз истиқлолият боис гардид, ки Тоҷикистон чун як кишвари демократӣ, дунявӣ ва ягона эътироф шуд ва дорои рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил гардид. Ифтихор аз он дорем, ки дар чунин кишвари ободу, зебо ва осоишта ҳаёт ба сар мебарем. Миллати мутамаддини тоҷик таърихи беш аз ҳазорсола дорад, ки ин нишонаи ибтидоии ватандорист. Чӣ тавре, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамояд «Ифтихори ватандорӣ аз донистани таърих, забон ва фарҳанги Ватан сарчашма мегирад». Яъне, имрӯз бо боварии том метавон гуфт, ки тоҷикон бо эҳё ва ҳифзи ҳувияти миллӣ ва андӯхтаҳои таърихии худ ҳамқадам ва ҳамрадифи мардуми сайёра гардидаанд. Аҷдодони мо аз қадим ватанро чун модар пос доштаанд, ки бисёре аз шоирону нависандагони мо ба қалам овардаанд.

Ҳаст дар рӯйи замин гӯшаи зебо чу биҳишт,

Сифаташ кас натавонист ба як бор навишт.

Рӯдакӣ, Айниву Лоиқ ба сифоташ гуфтанд,

Шукр дорам, ки маро низ ҳамин хок сиришт.

Тоҷикистон, ту равонӣ ба танам, эй Ватанам,

Балки ҷониву ҷаҳонӣ Ватанам, эй Ватанам.

Имрӯз ҷаҳониён дар симои Президенти мамлакат тоҷику Тоҷикистонро мешиносанд. Ӯ муаррифгари воқеии давлат, фарҳангу тамаддуни миллат ва намунаи беҳтарини сиёсатмадорист. Аз ин рӯ мо бояд аз ин миллати баруманд биболему барои боз ҳам машҳуртар гардидани он кӯшишу ғайрат намоем.

Давлатмирова Г.Ш -ассистенти кафедраи асабшиносӣ,

психиатрия ва психиологияи тиббӣ ба номи

профессор Ғуломов М.Ғ.

 


14.02.2024 5850

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php