Арзиши ахлоқии “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ва аҳамияти он дар тарбияи насли ҷавон


Арзиши ахлоқии “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ва аҳамияти он дар тарбияи насли ҷавон

Бисёр пажуҳишгарон ҳамосаи “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсиро аз нуқтаи назари таъсири он дар ташаккули ахлоқу одоби инсон мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор дода, таъсири бузурги ақидаҳои дар достонҳои     «Шоҳнома»-тарғибшавандаро дар тарбияи инсон ва ташаккули афкори башардӯстӣ нишон додаанд. Илова бар ин, пажуҳишгарон дар таҳқиқоти илмии худ доир ба ин асари безаволи Фирдавсӣ мавзуъҳои ватандӯстӣ, тарбияи инсони солим, хирадмандӣ, ташаккули сифатҳои шахсии инсонро бамаротиб таъкид кардаанд. Онҳо достонҳои “Шоҳнома”-ро бодиққат омӯхта, ба ҷиҳатҳои ватандӯстӣ ва нақши тарбиявии онҳо, ки дар тимсоли подшоҳон ва қаҳрамонони асотирӣ тасвир шудаанд, таваҷҷуҳи бештар дода, онҳоро аз ҷумлаи унсурҳои асосии таъсиргузор ба ташаккули шахсияти ҳаматарафа рушдёфта дар ҳама давру замон меҳисобанд. Тавре ки маълум аст, “Шоҳнома ” аз достонҳои сершумори ба назар мустақил, вале ба ҳам иртиботдошта иборат аст ва дар ҳамаи достонҳо Абулқосим Фирдавсӣ пеш аз оғози достон ва дар муҳтавои он дар зимни тасвири саҳнаҳои пайкори паҳлавонон байтҳои панду андарзомезро меоварад.

Қаҳрамонҳои мусбати асар, аз ҳар лиҳоз, намуна барои тақлид ва пайравӣ мебошанд. Онҳо аз ҷиҳати омодагии ақлонӣ ва ҷисмонии худ аз бархе дигар симоҳои достон хеле бартарӣ доранд ва инро бо неру, маҳорат дар муҳорибаҳо бо душманон, иштирок дар қувваозмоиҳои ҷисмонӣ ва аспсаворӣ исбот мекунанд. Илова бар ин, фасоҳати гуфтори қаҳрамонон метавонад нуқли ҳар гуна маҷлису маҳфил бошад, ки дар ин маврид шоир сухани нобро қиматтар аз дурру гавҳари шоҳвор дониста, мегӯяд:

         

Сухан монад андар ҷаҳон ёдгор,

 Сухан беҳтар аз гавҳари шоҳвор.

Дар ҳамин ҳол, шоир инсонҳоро аз пургӯию беҳудагӯӣ барҳазар дошта, ҳушдор медиҳад:

Чу гуфтори беҳуда бисёр гашт,

                                                                                                       Сухангӯй дар анҷуман хор гашт.

Абулқосим Фирдавсӣ дар “Шоҳнома”, ки ба ҷумлаи арзишҳои беҳамтои миллӣ ва умумибашарӣ ба ҳисоб меравад, аҳамияти кору заҳматро дар зиндагӣ нишон дода, таъкид мекунад, ки кор метавонад бешубҳа мақоми шахсияти инсонро шоиста, ӯро хушбахт ва обрӯманд гардонад. Шоир инсони меҳнатдӯсти ба кору заҳмат кӯшоро чунин васф кардааст:

       

Зи кӯшиш макун ҳеҷ сустӣ ба кор,

Ба гетӣ ҷуз ӯ нест Парвардигор.

Дар ҷойи дигар шоир аз забони Бузургмеҳри ҳаким мегӯяд, ки пешравии кор ҳамеша ба саъю кӯшиши инсон вобаста аст:

    Ҳар он кас, ки дар кор пешӣ кунад,

Бикӯшад, ки оҳанги бешӣ кунад.

Муаллифи «Шоҳнома» дар айни ҳол барои инсон зараровар будани бекорӣ ва танбалиро ба таври боварибахш нишон додааст, ӯ мутмаин аст, ки агар ба чунин одатҳои зарарнок пайравӣ гардад, албатта, ба бадбахтиҳои гуногун дучор шудани инсон ногузир аст:

                   

Агар коҳилӣ пеш гирад далер,

Нагардад зи осоишу гоҳ сер.

         Шоир таъкид менамояд, ки ҷомеа аз марди коҳилу танбал безор аст:

               Чу коҳил бувад марди барно ба кор,

    Аз ӯ сер гардад дили рӯзгор.

         Ба ақидаи Фирдавсӣ, инсонро мавҷуди комил донистан нашояд. Маҳз барои ҳамин ҳам, барои ӯ таълиму тарбия зарур аст. Чунин ақидаҳои шоири мутафаккир ба ақидаҳои педагогии муосир комилан мувофиқат дошта, ба мо нишон медиҳанд, ки дар ташаккули шахсияти инсон таълиму тарбия нақши бунёдӣ дорад.

Ҳамосаи «Шоҳнома», воқеан, шоҳасари афкори таълиму тарбия ва махзани панду насиҳат ба шумор меравад.

Фирдавсӣ ба воситаи тимсолҳои каҳрамонони асари худ маҳосини маънавӣ, олами ботинии инсонро кашф намуда, ба проблемаҳои ахлоқ ва тарбия таваҷҷуҳ менамояд.

«Шоҳнома» танҳо асари таърихию қаҳрамонӣ нест. Дар он ғояҳои муҳими тарбиявӣ гирдоварӣ шудаанд, ки метавонанд дар таълиму тарбияи инсон ба таври муассир истифода шаванд.

Бояд қайд намуд, ки дар “Шоҳнома” ростӣ ҳамчун беҳтарин хислати инсон мавриди ситоиши Фирдавсӣ қарор гирифтааст. Шоир ростӣ ва росткориро муҳимтарин хислати ахлоқи ҳамида дониста , яке аз омилҳои муваффақият ва хушбахтии инсон медонад:

        

Намонад бар ин хок ҷовид кас.

Туро тӯша аз ростӣ боду бас.

Абулқосим Фирдавсӣ ҳамчунин ростиро бо дурӯғ муқобил мегузорад. Ӯ дурӯғро, махсусан, барои шоҳон ношоям медонад:

        

Забонро нагардон ба гирди дурӯғ,

   Чу хоҳӣ, ки тахт аз ту гирад фурӯғ.

Фирдавсӣ ҷангро қотеона маҳкум мекунад. Ӯ онро воситаи мақбули ҳалли низоъҳо намедонад. Шоир сулҳро васф мекунад ва бародаркуширо бо кадом ҳадафе, ки набошад, мавриди накуҳиш қарор медиҳад:

Бародаркушӣ аз пайи тоҷу тахт,

 Нахонад туро некдилу некбахт.

Шоир тарафдори ҷанги одилона дар роҳи ҳифзи Ватан ва марзу буми худ аст, арзиши асосие, ки муҳтавои “Шоҳнома”-ро муайян мекунад, ватандӯстӣ мебошад:

        

Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,

         Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.

Вале муаллифи “Шоҳнома” анҷому фарҷоми ҳама гуна ҷангро барои инсон ва ҷомеа асафбор медонад:

  Чунин аст анҷому фарҷоми ҷанг,

Яке тоҷ ёбад, яке гӯри танг.

Фирдавсӣ таъкид мекунад, ки лашкари пароканда нишон додани ҷасорату пирӯзӣ қодир нест. Танҳо ба душман туъмаи осон мешавад:

Пароканда лашкар наояд ба кор,

Дусад марди ҷангӣ беҳ аз сад ҳазор.

Ин гуна андешаҳо тавассути тимсолҳои қаҳрамонони «Шоҳнома» пурра кушода мешавад, ки дар байни онҳо Рустами достон, ки симои марказии ҳамоса мебошад, махсусан, баръало намоён аст:

Рустам ҳамчун симои асосии достон ба монанди намуна ва намоди ватандӯстӣ тасвир шудааст. Ин мавзуъ дар тамоми достон чун «хатти сурх» мегузарад. Шоир аз номи Рустам мегӯяд:

                  

Ба номи неку гар бимирам равост,

 Маро ном бояд, ки тан маргрост.

Дар достон Рустам ҳимоятгари ормонии Ватан буда, худро ҳамчун қаҳрамони халқ нишон медиҳад. Ӯ паҳлавонест, ки дар заминаи анъана ва урфу одатҳои халқӣ тарбия ёфта, аз бисёр имтиҳонҳои ҷиддӣ ва фаҷевии ҳаёт гузаштааст. Маҳз Рустам дар назди мо ҳамчун таҷассуми орзуи халқ дар бораи ҳимоятгари ормоние қарор мегирад, ки қодир аст, ба бадӣ ба таври муассир муқовимат намояд.

Рустам дар достон вазифаи асосии худро, ки ҳифзи озодии марзу буми худ ва бахту саодати мардум аст, бо сарбаландӣ иҷро менамояд. Аз ин рӯ, шоир ӯро ҳамчун шахси хушахлоқ, далер, қаҳрамон, ки омода ба ҳар гуна фидокорӣ аст, ҳамчун инамунаи ибрат тавсиф мекунад. Азбаски Рустам худ намояндаи мардум аст, ба ҷуз хидмат ба халқу ватан андешаи дигаре надорад.

        

Макун бад, ки бинӣ ба фарҷом бад,

   Зи бад гардад андар ҷаҳон ном бад.

Дар андешаҳои Фирдавсӣ хислатҳои мусбати инсонӣ, аз қабили далерӣ, накӯкорӣ, башардӯстӣ ҷойгоҳи махсусро ишғол мекунанд.

Мутафаккир онҳоро аз лаҳзаи ташаккул омӯхта, дар тарбияи инсон истифода бурдани онҳоро зарур медонад. Шоир ба воситаи тимсолҳои каҳрамонони шоҳасари худ зебоии маънавӣ, олами ботинии инсонро кашф намуда, проблемаҳои ахлоқи накуро маираҳ ва таблиғ мекунад:

      

   Намонад ҷаҳон бар касе пойдор,

Ҳама номи неку бувад ёдгор.

         Ҳамин тавр, ҳамосаи «Шоҳнома» ганҷинаи хирад, дарси инсонияту ахлоқ ва кони фазилати инсонӣ мебошад. Бо ситоиши хулқу рафтори накуи инсонӣ ва мазаммати хислатҳои зишту нописандида Абулқосим Фирдавсӣ ба ҳайси муаллими бузурги ахлоқ тайи ҳазор сол дар тарбия инсони комил саҳми бориз дорад.

                  

Ҷаҳон сар ба сар ҳикмату ибрат аст,

Чаро баҳраи мо ҳама ғафлат аст.

 

Ассистенти кафедраи бемориҳои дарунии

№2 н.и.т., Шарифова Н.Ҷ.

 



23.01.2024 1500

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php