АҲАМИЯТИ ТАЪРИХӢ ВА МОҲИЯТИ ИМРӮЗАИ «ШОҲНОМА»-И ҲАКИМ ФИРДАВСӢ


АҲАМИЯТИ ТАЪРИХӢ ВА МОҲИЯТИ ИМРӮЗАИ «ШОҲНОМА»-И ҲАКИМ ФИРДАВСӢ

«Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ ҳамосаи миллии мардумони ориёӣ аст, ки  Ҳаким Фирдавсӣ онро солҳои 970-1005 бо фарогирии 60 ҳазор байт дар муддати 35 сол навиштааст. Ҷавонии Ҳаким Фирдавсӣ дар давраи нашъунамои нахустин давлати миллии тоҷикон Сомониён, давраи ташаккули халқи тоҷик гузаштааст. Шоир ба ғайр аз забони модарии хеш дарӣ ҳамзамон забони арабӣ ва паҳлавиро низ аз худ карда буд. Ба ин восита ҳангоми таълифи «Шоҳнома» вай имкон дошт аз тамоми асарҳое, ки бо ин забонҳо навишта шуда буданд, истифода намояд. Тамомии «Шоҳнома» баҳри озодиву Истиқлолият, ҳимояи марзу бамии аҷдодӣ, далерӣ ва садоқат ба Ватан бахшида шуда, хислатҳои волотарини инсониро тарғибу ташвиқ намудааст. Соли 1994 бо қарори махсуси ЮНЕСКО ҳазораи «Шоҳнома» дар саросари ҷаҳон ҷашн гирифта шуд. Пас аз ҷашнгирии ин шоҳасар муҳаққиқони адабиёт ба хулосае омаданд, ки дар достонсароӣ мақоми Фирдавсӣ бар пояи Гомер-шоири ҳамосасарои Юнони Қадим баробар аст. Абулқосим Фирдавсӣ тобноктарин чеҳраи мондагори таърихи тоҷикон бо мақоми ҷаҳонӣ мебошад. Агар Ӯ набуд бисёре аз ҷамбаҳои мухталифи таъриху тамаддун ва ниёгони мо норӯшан боқӣ мемонд. Камтар шахсиятҳое ҳастанд, ки то андозаи ин донишманд, баҳри нигаҳдошту зинда мондани забон ва таъриху фарҳанги бебаҳои аҷдоди тоҷик хидмат карда бошанд. Шоҳнома ин воқеияти таърихист ва рӯйдодҳое ҳаст, ки миллати сарфарози тоҷик онро дар масири таърих паймудааст. Нав кардани достонҳои куҳна, зинда нигоҳ доштани забон, ин корҳое буд, ки аз ҷониби Ҳаким Фирдавсӣ анҷом дода шуд. То кунун миллатҳои зиёде ҳастанд, ки бо тамаддуну таърихи тулонии худ бо чи иштибоҳе забони худро аз даст додаанд ва имрӯз ба забони ғайр суҳбат мекунанд. Ҳакими Фирдавсӣ ҷавонии худро дод то таъриху тамаддуни мо ба гушаи фаромуши наравад. То имрӯз «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ ба забонҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла, рӯсӣ, англисӣ, фаронсавӣ, бо хати ниёгон ва чанде аз хату забонҳои ҷаҳон аз чоп баромада, барои шинохти амиқтар аз таърихи пурғановати аҷдоди тоҷик, хизмати шоистаеро ба сомон хоҳад расонд. Арзиши таърихии ин асари бунёдӣ бениҳоят бузург аст ва Ҳаким Фирдавсӣ бо заҳмати зиёда аз сисолаи худ мо ва мардуми ҷаҳонро бо саҳифаҳои таърихи рангини гузаштаи аҷдоди тоҷикон ошно сохт. Дар шароити кунунӣ яъне замоне, ки ҳар як фарди ҷомеа ба худшиносӣ ва ҳифзи хотираи таърихии худ беш аз пеш ниёз дорад, мутолиъаи ин ҳаммосаи ҷовидона ба густариши эҳсоси ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва болоравии сатҳи маърифатнокии ҷомеаи мо ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард.

 

Валиев Давлатёр

рӯзноманигори Хадамоти ректор

 

 


16.01.2024 858

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php