ГАРДИШИ ШАБОНАИ ҶАМОЛИДДИН АБДУЛЛОЗОДА ДАР МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТӢ


ГАРДИШИ ШАБОНАИ ҶАМОЛИДДИН АБДУЛЛОЗОДА ДАР МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТӢ

Шаби 9 январи соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода дар як қатор муассисаҳои тиббию табобатии вилояти Суғд, аз ҷумла шаҳри Хуҷанд гардиши шабона анҷом дод.

​Зимни боздиди хеш Ҷамолиддин Абдуллозода бо фаъолияти шӯъбаҳои муассисаҳои тандурустии шаҳри Хуҷанд шинос шуда, ҳамзамон аз рафти табобати як қатор беморон дидан намуд.

Инчунин, номбурда бо наздикони як қатор беморон низ сӯҳбат анҷом дода, аз онҳо доир ба рафти хизматрасонии тиббӣ пурсон шуд

Ҷамолиддин Абдуллозода аснои мулоқот бо наздикони беморон иброз дошт, ки роҳбарияти вазорат бо дастгирии Ҳукумати мамлакат баҳри таъмини солимии шаҳрвандони кишвар тамоми тадбирҳои заруриро андешида истодааст.

​Бояд гуфт, ки ҳадафи ташрифи роҳбарияти вазорат ба муассисаҳои тандурустӣ-ин пеш аз ҳама таҳлил ва баррасии вазъи феълии соҳа,​ шиносоӣ бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ, суҳбати озоду ошкоро бо беморон ва наздикони онҳо, бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои ҷойдошта ва дар ин замина боз ҳам беҳтар намудани сатҳ ва сифати химзатрасонии тиббӣ ба аҳолӣ мебошад.

Moh.tj


10.01.2024 413

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php