Нақши асари “Тоҷикон дар оинаи таърих”-и Эмомалӣ Раҳмон дар тарбияи худшиносии миллии ҷавонон
Имрӯз мо дар марҳалаи хеле ҳассос ва таърихӣ қарор дорем. Вазъи ноороми ҷаҳони муосир, авҷ гирифтани равияҳои гуногуни бегонаи динӣ – иртиҷоӣ, ки ба анъана, расму оин, таъриху фарҳанги мо ягон иртибот надоранд, миллати тоҷикро водор месозад, ки аз ҳарвақта дида бештар ба сулҳу ваҳдат, ҳамдилию ҳамкорӣ, ахлоқи ҳамида, худшиносии таърихию фарҳангӣ рӯ биёрад. Дар ҳалли ин масъалаҳо, яъне эҳёи суннатҳои таърихию фарҳангӣ ва дар ин рӯҳия ташаккул ва такомул ёфтани худшиносии миллат асари бунёдии арбоби намоёни давлатию сиёсӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Тоҷикон дар оинаи таърих” нақши муассир дорад.
Таърихи инсоният бе бозгашт ва такрорнашаванда аст. Чуноне ки муаллифи асар зикр менамояд –“Шубҳае нест, ки яке аз сарчашмаҳои асосии худшиносии миллӣ маҳз дӯст доштан ва рӯ овардан ба гузаштаи пурифтихору қаҳрамононаи халқи худ, ҳифз ва инкишофи меъроси ва маънавии ниёгон ба шумор меравад” Сабақҳои ибратомӯзи таърих роҳи гузаштаву имрӯзу ояндаро пешорӯи мо қарор дода, чун ҳакими одил гиреҳи бурду бохтҳои силсилаи давлату давлатдориҳои тоҷиконро бароямон мекушояд.
Дар асар омадааст, ки ҳар як инсон бояд муқаддасоти хешро дошта бошад. Бе муқаддасот инсон наметавонад кору зиндагӣ карда, ба мақсади ниҳоии худ расад. Яке аз чунин муқаддасоти миллат шиносномаи аҷдоди ориёҳо “Авесто” мебошад. Ба ин рисолаи таърихи дар асари худ Эмомалӣ Раҳмон диққати махсус медиҳад. Матнҳои “Авасто” оид ба илм ва тарзи зиндагию маишии хақҳои ориёӣ, анъанаву суннатҳои онҳо маълумоти зиёде медиҳанд. Маҳз дар ҳамин асос Эмомалӣ Раҳмон китоби “Авасто”-ро донишномаи нахустини аҷдодамон, гаҳвораи тифлии онҳо, ганҷинаи нахустини фарҳанги ориёӣ, гузаштаи тоҷикон ва бисёр халқҳои дигар номидааст. “Танҳо тавассути ба даст овардани худшиносии миллӣ имконият ва тамоюли ояндаро муайян кардан, асосҳои мустаҳкамеро, ки наслҳои нав рӯи онҳо зиндагии худро хоҳанд сохт, бунёд намудан имконпазир аст”,- менависад Эмомалӣ Раҳмон.
Ассистенти кафедраи асабшиносӣ, психиатрия ва психологияи тиббӣ ба номи проф. М.Ғ.Ғуломов Ҳакимов В.Б.