1-декабр рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди ВНМО
Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО, русӣ: ВИЧ) ретровирус аз ҷинси лентивирусҳо мебошад, ки бемории оҳиста афзоянда — сирояти ВНМО-ро ба вуҷуд меорад.
ВНМО соли 1983 новобаста аз ҳамдигар дар ду озмоишгоҳ кашф гардида шудааст: дар Институти Пастер (Фаронса) таҳти роҳбарии Люк Монтанье ва дар Институти миллии бемории саратон (ИМА) таҳти роҳбарии Роберт Галло.
ВНМО яке аз бемориҳои қарни ХХ унвон мешавад, ки табибону олимон то ҳол барои табобати мукаммали он доруи махсусеро кашф накардаанд. Аввалин мавриди гирифторӣ ба ВНМО дар Тоҷикистон 27 сол пеш сабт шуда, Тоҷикистон дар миёни чанд кишвари камшумори ҷаҳон аст, ки ин вирус дар он дар муддати 10 соли гузашта 25 дарсад афзудааст.
ВНМО ба системаи масуният осеб расонида, ҳуҷайраҳои масуниятро (CD4+, лимфоситҳо, макрофагҳо ва гайра) хароб мекунад ва боиси сустшавии системаи назорату ҳифзи организм аз сироятҳо ва баъзе намудҳои бемории саратон мегардад. Вирус ба организм роҳ ёфта, ба афзоиши фаъол шурӯъ мекунад, ҳуҷайраҳо ба фоидаи вирус «кор» мекунанд, бинобар ин дар шахсони сироятшуда тадриҷан (оҳиста-оҳиста) норасоии масуният инкишоф меёбад.
Мархилаи охирини сирояти ВНМО ин Бемории пайдошудаи норасоии масуният (БПНМ) мебошад, ки метавонад бо гузашти 2-15 сол вобаста ба ҳолати масунияти инсон инкишоф ёбад. Барои БПНМ инкишофи баъзе намудҳои бемории саратон, сироятҳо ва ё дигар аломатҳои вазнини клиникӣ хос аст.
Роҳҳои интиқол: ВНМО тавассути хун ва дигар моеъхои организм, аз ҷумла нутфа, тарашшӯҳи маҳбал, сафро (мавриди алоқаҳои ҷинсии ҳифзнашудаи хелҳои гуногун, гузаронидани хуни сироятшуда, тавассути сӯзандоруҳои тамизнашуда аз модар ба навзод ҳангоми тавааллуд, ҳангоми истифодабарии асбобҳои тиббии тамизнашуда ва мавҷудияти ҷароҳат дар пардаҳои луобии пизишк ва ё бемор), шири пистон (ҳангоми ширмакконӣ) интиқол меёбад.
ВНМО интиқол намеёбад: тавассути оби даҳон ва арақи бадан; бо роҳи дастфишурӣ ва дигар алоқаҳои рӯзмарра: оғушгирӣ, сӯҳбат, сурлфа/атсазанӣ; тавассути нешзании ҳашарот ва газидани ҳайвонот; тавассути ашёи маишӣ ва молҳои канселярӣ; ҳангоми ташрифи якҷоя ба ҳавзи шиноварӣ/душ/ҳаммом/ошхона, ҳангоми истифодабари аз нақлиёти ҷамъиятӣ ва бахбариаз хурокхурии якҷоя.
Ҳамасола дар ҷаҳон 1 - декабр ҳамчун Рӯзи байналмилалии мубориза алайҳи вируси норасоии масунияти инсон, бемории алоими ғайримодарзодии норасоии масунияти инсон (ВНМИ/АҒНМИ) қайд карда мешавад.
Мақсади ин рӯз баргузории чорабиниҳои гуногуни оммавӣ баҳри бори дигар ба аҳолии ҷаҳон расонидани маълумот оид ба ин беморӣ ва сарҷамъ намудани ҳамаи қувваҳо бар зидди он мебошад. Шиори рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди ВНМИ/АҒНМИ, ки аз тарафи Созмони Байналмилалии Тандурустӣ соли 2015 — ум пешниҳод шудааст «Вусъат бахшидани чораҳо барои решакан намудани ВНМИ/АҒНМИ» мебошад.
Рамзи ҳаракати глобалӣ бар зидди паҳншавии вируси норасоии масунияти одам ин - Тасмаи сурх мебошад.
Абдурахмонзода Тахминаи Амон-
ассистенти кафедраи асабшиносӣ,
психиатрия ва психологияи тиббӣ
ба номи профессор М.Ғ. Ғуломов