ДАР ОБОДОНИИ ПОЙТАХТИ АЗИЗАМОН САҲМ МЕГУЗОРЕМ!
Тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист агар аз як тараф ба саломатии инсон таъсири мусбат расонад, аз ҷониби дигар аз маданияти шаҳрнишинӣ ва фарҳанги волои инсоният шаҳодат медиҳад. Душанбе шаҳри ҳамешасабз кайҳо боз диққати меҳмонони дохилию хориҷии кишварро бо гулгаштҳою боғҳои дилписандаш ба худ ҷалб намудааст. Чун кас аз боғҳои зебову тамошобоби пойтахт дидан намояд, беихтиёр гуфтори шоири бузурги форсу тоҷик Соиби Табрезӣ ба ёд меояд, ки фармудаанд: “Чашму дили шабнам нигарон аст дар ин боғ”.
Ба хотири давом додани анъанаи ниёгон ҷиҳати сарсабзу зебо гардонидани ҳар гӯшаи кишвари биҳиштосои мо сокинони баландҳиммати пойтахт дар доираи дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар тозаю озода ва сабзу хуррам гардонидани пойтахти мамлакат саҳми аразанда мегузоранд.
Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино низ дар баробари дигар идораву корхонаҳои давлатии ҳудуди шаҳр дар тозаю озода нигоҳ доштани пойдатхти мамлакат шаҳри Душанбе иштироки фаъолона дорад. Ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе кормандони бахши хоҷагидории Донишгоҳ дастаҷамъона ба шанбегӣ баромада, бо дарки баланди масъулиятшиносӣ боғу гулгаштҳои наздики бинои таълимиро тоза намуда, бехи дарахтони мевадиҳанда ва сояафканро нарм мекунанд. Ин амали хайр дар Донишгоҳ ба ҳукми анъана даромада, пайваста идома дода мешавад.
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеаи
Хадамоти ректори Донишгоҳ