ТАШРИФИ НАМОЯНДАГОНИ САЛИБИ СУРХ ВА ҶАМЪИЯТИ ҲИЛОЛИ АҲМАРИ ТОҶИКИСТОН БА ДДТТ БА НОМИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО
Имрӯз, 23.11.2023 намояндагони Салиби Сурх ва Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ташриф оварда, бо омӯзгорону донишҷӯён вохӯрии судмандеро доир намуданд.
Сароғоз сардори шуъбаи тарбияи Донишгоҳ Муродов Ш.Д. меҳмононро ҷиҳати ташрифашон ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино хайрамақдам гуфт. Сипас, Нодир Аминзода мушовири ҳуқуқии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар мавзуи «Асосҳои ҳуқуқи байналмиллалии башардӯстона. Муҳофизати хадамоти тиббӣ» баромад намуда, перомуни ташкил ва ҳуқуқҳои байналмиллалии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар суханронӣ намуд. Мавсуф зимни сузанронӣ қайд кард, ки Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ҷунбиши байналмилалии гуманитарист, ки он соли 1863 таъсис ёфтааст ва беш аз 17 миллион коргар ва ихтиёриҳоро аз кулли ҷаҳон дар бар мегирад. Мақсади ин ташкилот расонидани кӯмакҳои башардӯстона буда, новобаста аз халқияту нажод, оину мазҳаб ба мардумони зарардида кӯмак расонидан аст. Ҳамчунин, Умед Мансуров мушовири ҳуқуқии намояндагии Кумитаи байналмиллалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон дар мавзуи «Ҳаракатҳои байналмиллалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар» маърӯза ироа намуд. Гуфта шуд, ки ғояҳои аслии ин ташкилотҳо, дар пиёда намудани ниёзҳои шахсони ниёзманд ҳангоми ба мушкилиҳо мувоҷеҳшуда дар тамоми нуқоти дунё равона карда шудааст, зеро аҳдофи калидии он ҳифзи ҳаёт, шаъну шарафи инсонҳо, бахусус, доираи одамоне, ки дар пайи ҳаводиси гуногуни фавқуллода ё даргириҳо осеб дидаанд, мебошад.
Шуъбаи тарбия