ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОН-РАМЗИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ОН


ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОН-РАМЗИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ОН

Ба хотири истиқболи самимӣ аз ҷашни Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кафедраи бемориҳои кӯдаконаи № 1 мизи мудаввар дар мавзӯи “Парчами Тоҷикистон-рамзи соҳибистиқлолии он” баргузор гардид.

Донишҷӯён дар атрофи таърихи парчамдории тоҷикон, аҳамияти парчами давлатӣ дар тарбияи ватандӯстии ҷавонон, Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол -нишон аз мустақилият фикру ақидаҳои худро байён намуда, аз ашъори шоирони муосири тоҷик дар васфи Парчами миллӣ шеърҳо қироат намуданд.

Мудири кафедраи бемориҳои кӯдаконаи № 1 Мамаҷонова Г.С. омӯзгорону донишҷӯёнро ба ифтихори ҷашни Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, эҳтиром ба Ватани аҷдодӣ, дӯст доштани ҳар гӯшаи Тоҷикистони маҳбубро фоли нек арзёбӣ карданд ва дар ин масъала ҳидоятҳои муфид доданд.

Дар фарҷом байни донишҷӯён саволу ҷавоб дар атрофи таъриху фарҳанги пурғановати миллати тоҷик доир гардида, дар хотираи донишҷӯён ҳамчун чорабинии фаромӯшнашаванда нақши муассир гузошт.

 

 


24.11.2023 470

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php