ПАРЧАМ-МУАРРИФГАРИ МИЛЛАТИ ТОҶИК
Санаи 24-уми ноябри соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи кафедраи гӯшу гулӯ ва бинӣ бо иштироки кормандони кафедра ва клиникаи гӯшу гулӯ ва бинӣ, ординаторон ва интернаҳои клиникӣ ҳамоиш доир ба Рӯзи Парчами давлатӣ доир гардид. Дар рафти ҳамоиш мудири кафедра н.и.т., дотсент Аҳророва З.А. баромад намуда, андешаҳояшонро баён намуданд, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дӯстиву бародарии ҳамаи миллатҳои он ба шумор меравад. Ин рамзи давлатӣ шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумӯи ҳаматарафа ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ ҳидоят менамояд.
Аз ин рӯ, ҳамасола 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии мамлакат таҷлил карда мешавад. Қайд гардид, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон симои миллат ва давлат мебошад. Мо бо ин парчам ифтихор дорем ва бошад, ки ин парчам то абад пойдор бимонад. Дар интиҳои маҳфил, мудири кафедра аҳли нишастро бо ин рӯзи таърихӣ ва сиёсӣ табрику таҳният гуфта, ба якояки эшон саодати рӯзгор, пойдории амну суббот ва файзу баракоти зиндагиро таманно намуд.
Муродов Шамсиддин-мутасаддии кафедра оид ба корҳои тарбиявӣ