ДАРСИ КУШОД ДАР КАФЕДРАИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТИИ КӮДАКОНА
Дар кафедраи бемориҳои сироятии кӯдакона дар мавзӯи “Этиология эпидемиология вирусных гепатитов” дарси кушоди намунавӣ аз ҷониби дотсенти кафедра, номзади илми тиб Саидмуродова Г.М. барои донишҷӯёни курси 6-уми факултети педиатрӣ гузаронида шуд.
Дар дарс намояндагони Раёсати таълимию методӣ, ҳайати омӯзгорони кафедраи микробиология, имуннология ва вирусология ва ҳайати дотсентону омӯзгорони кафедраи бемориҳои сироятии кӯдакона иштирок намуданд. Дар раванди дарс презентатсия ва истифодаи усулҳои интерактивӣ аз намуди: TBL, CBL, кор дар гурӯҳҳо, case – study, ҳалли масъалаҳои клиникӣ ба кор бурда шуд.
Дар фарҷоми дарс иштирокдорон фикру ақидаҳои худро баён намуда, ташкилу баргузор намудани чунин дарсҳоро саривақтӣ ва муфид арзёбӣ намуданд. Ёдовар бояд шуд, ҳадаф аз гузаронидани дарсҳи кушоди намунавӣ тақвият бахшидани маҳорати педагогӣ, таҷрибаивазнамоӣ ва баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорони ҷавон мебошад.