ТОҶИКИСТОН ПАРЧАМАТ ПОЯНДА БОД.
Яке аз нишонаҳои соҳибдавлату миллат будан, инчунин бақову пойдории ҳар як халқу миллат ин парчам аст. Парчам арзиши олӣ ва муқаддас, шиноснома ва нишонаи ҳувияту худшиносии халқу миллатҳо ба шумор меравад. Он ифодагари озодиву соҳибихтиёрӣ буда, дар маҷмӯъ маънии шинохти давлату миллатро доро мебошад. Парчами давлатӣ ҳамчун нахустин рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон 24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, имсол аз қабули он 31 сол пур мешавад.
Мафҳуми «парчам» аз вожаи забони суғдии «*parčam» сарчашма гирифта, ба маъноҳои овеза ё алам омадааст. Парчаму парчамдорӣ ҳанӯз пеш аз милод дар китоби «Авасто» зикр гардида, баъдан дар «Шоҳнома»-и ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ дар достони «Коваи оҳангар» ёд шудааст. Чунончӣ:
Чу Кова бурун омад аз пеши шоҳ,
Бар ӯ анҷуман гашт бозоргоҳ.
Ҳаме бархурӯшиду фарёд хонд,
Ҷаҳонро саросар сӯи дод хонд.
Аз он чарм, к-оҳангарон пушти пой,
Бипӯшанд ҳангоми захми дарой.
Ҳамон Кова он бар саринайза кард,
Ҳамон гоҳ зи бозор бархост гард.
Он парчами адолатхоҳӣ бо номи «Дирафши Ковиён» машҳур гардид. Шоҳони минбаъдаи ориёӣ, ки ба сари тахт меомаданд, ба «Дирафши Ковиён» арҷ гузошта, онро ҳамчун рамзи муборизаи некӣ бар бадӣ, ғолиб омадани равшанӣ бар зулмот эътироф карданд.
Тавре ки Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд кардаанд: «Ҳанӯз дар ливои Куруши Кабир тасвири уқоб, ки нишонаи қудрату тавоноист, нақш гардида буд, ки он парчам рамзи як давлати неруманди замона ба ҳисоб мерафт. Ҳамчунин, метавон аз ливои Коваи Бузург ёдовар шуд, ки нишонаи равшани меросияти муборизаву ҷоннисориҳои ниёгони мо мебошад». Пешвои миллат рамзҳои дар Парчами давлатӣ мавҷудбударо соли 2009 дар нахустин ҷашни Рӯзи Парчами давлатӣ чунин баён карданд: «Парчами имрӯзаи давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин, ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои мардуми Тоҷикистон мебошад.
Дар он рангҳои сурх, сафед ва сабз талошу муборизаҳои халқи тоҷикро барои озодиву истиқлол ва барпо намудани зиндагии осудаву поянда ифода карда, тоҷ ва ҳафт ситора ҳамчун рамзҳои барои миллати мо муқаддас соҳибихтиёрии давлати Тоҷикистонро инъикос менамоянд».
Соли 2011 дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе Парчами давлатии Тоҷикистон қомат афрохт, ки баландии сутуни он 165 метр, дарозии матоъ 60 ва бараш 30 метрро ташкил дода, вазнаш ба 420 кило мерасад.
Ҳоло қариб дар ҳар шаҳру ноҳияи кишвар боғҳои парчами миллӣ таъсис ёфта, сутунпояи баланди парчам насб карда шудааст, ки нишонаи ифтихор доштани сокинон аз ин муқаддасоти миллист. Дар маҷмӯъ, парчами давлатӣ миллатро ба олам муаррифӣ намуда, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарасти мардуми мо гардид.
Ёраков Ф.М .- мудири кафедраи
стоматологияи муолиҷавӣ