ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДДТТ БА НОМИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО ВА ВОҲИДҲОИ СОХТОРИИ ОН


ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДДТТ БА НОМИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО ВА ВОҲИДҲОИ СОХТОРИИ ОН

Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ва воҳидҳои сохтории он, аз ҷумла, Маркази таълимӣ, илмӣ ва клиникии «Стоматология», Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдӣ, Маркази ташхисию табобатӣ, Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии «Фарматсия», кафедраҳои стоматологияи ортопедӣ, бемориҳои кӯдакона №2, анатомияи одам ва истилоҳоти тиббии лотинӣ ба номи Я.А.Раҳимов, урология, офтолмология, бемориҳои дарунии №3, Эндокренология ва дигар воҳидҳои сохтории Донишгоҳ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон бо иштироки ходимони ҷамъиятиву сиёсӣ, роҳбарият, ҳайати профессорону олмӯзгорон ва муҳассилини Донишгоҳ чорабиниҳои гуногуни маърифатию сиёсӣ баргузор гардиданд. Дар чорабиниҳои баргузоргардида иштирокдорон аз дастовардҳои бузурги даврони соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии сарвари оқилу дурандеш, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои иттиҳоду сарҷамъӣ ва парафшонии Парчами давлатӣ ёдовар шуда, иброз доштанд, ки Парчами давлатӣ ҳамчун  рамзи асосии соҳибистиқлолӣ, таҷассумгари таърих, ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои мардуми Тоҷикистон, мояи ифтихор ва сарфарозии ҳар як шаҳрванди худогоҳ ва  ватанпарасти мамлакат мебошад. Парчам рамзи дӯстиву бародарии миллати тоҷик ба шумор рафта, сокинонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду ҳаматарафа ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ даъват менамояд. Дар ҷаҳони муосир ҳар як давлати мустақилу соҳибихтиёр тавассути Парчами он муаррифӣ мегардад. Аз ин рӯ, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба Парчам маънои эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои деринаи таърихӣ ва фарҳангиву маънавиёти миллӣ ва гузашта аз ин, эҳтироми миллат ва давлату давлатдорӣ маҳсуб меёбад.

Маврид ба қайд аст, ки бори аввал халқи тоҷик Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикис­тонро ҳамчун ҷашни умумимиллӣ 24 ноябри соли 2009 бо ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва соҳибистиқлоливу соҳиб­ихтиёрӣ истиқбол гирифтанд. Дар ин рӯз дар пойтахти кишвар аз хиёбони марказии Душанбе Парчами дарозиаш 1 ҳазору 500 метр ва бараш 7 метр гузаронида шуд. Шоми 30-уми августи соли 2011 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Душанбе Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, ки яке аз балантарин дар ҷаҳон маҳсуб мешавад, парафшон гардид. Дарозии Парчам 60 ва бараш 30 метр, баландии сутуни он 165 метр мебошад, ки дар ҷаҳон яке аз баландтарин Парчам маҳсуб меёбад. Парчами давлатии Тоҷикистон аз лиҳози баландӣ ва бузургӣ ба Китоби рекордҳои Гиннес ворид гардидааст. Имрӯз ҳар фарде, ки ба назди сутунпояи муҳташами Парчами давлатӣ меояд, эҳсос мекунад, ки ин рамз ифодакунандаи иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми куҳанбунёди мо буда, мақсаду мароми неки мардуми соҳибтамаддунамонро дар ҷилои ранг­ҳояш инъикос менамояд.

Дар чорабиниҳо таъкид карда шуданд, ки муқаддасоти миллӣ аз ҳастии ҳар як милати соҳибтамаддуни олам   гувоҳӣ медиҳад. Эҳтироми волои Парчам ифтихори миллии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, арҷ гузоштан ба он қарзи шаҳрвандии ҳар як нафар аст. Бунёди майдони Парчами давлатӣ ва парафшон намудани ин рамзи муқаддас дар маркази вилоятҳо ва шаҳру навоҳии кишвар идома ёфта, аз ҷумла, 25-уми сентябри соли 2013 дар ноҳияи Рашт, 26-уми июни соли 2016 дар шаҳри Хоруғ, 12-уми сентябри соли 2016 дар ноҳияи Зафаробод, 15-уми октябри соли 2016 дар шаҳри Кӯлоб, 27-уми июни соли 2017 дар шаҳри Ваҳдат, 25-уми июни соли 2018 дар шаҳри Истаравшан ва ҳамингуна дар дигар шаҳру навоҳии мамлакат майдонҳои Парчами давлатӣ бунёд гардидааст.

Роҳбарияти Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ва омӯзгорону донишҷӯён бо ҳавасмандӣ аз дастгириҳои роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат барои таҳким ва муаррифии шоистаи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, парафшонии Парчами давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақаву ҷаҳон, инчунин, тақвияти муҳаббату эҳтиром ба Парчами давлатӣ, маъво доштани он дар қалби наврасону ҷавонон пайваста тадбирҳо меандешанд.

Дар Донишгоҳ ҷиҳати боло бурдани савияи дониш ва маърифати донишҷӯён оид ба таърих ва таҷрибаи парчамдорию ватандорӣ, иттиҳоду сарҷамъӣ, таҳкиму муарриффи шоистаи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ дар зери Парчами давлатӣ дар сатҳи миллию байналмилалӣ дар арафаи тантанаҳои ҷашнӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои гуногуни маърифатию фарҳангӣ ва дарсҳои кураторӣ ташкилу гузаронида шуданд.

Ҳамин тавр, чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба Номи Абуалӣ ибни Сино бо иҷрои барномаҳои фарҳангӣ, қироати порчаҳои назмию насрӣ дар васфи Парчаму Ватан, миллат ва садоқат ба Тоҷикистон фарҷом дода шуданд. Эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи кишвари соҳибистиқлоли тоҷикон қарзи фарзандӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа мебошад.


11
10
9
8
7
6
5
4
3
2
1
24.11.2023 828

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php