ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ” – МУҲАРРИКИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМИИ НАВРАСОНУ ҶАВОНОН
Дар ҷаҳони имрӯза рӯ овардан ба масъалаҳои таҳқиқ, кашфиёти илмӣ, ихтирооти нав дар илм ва рушду инкишофи илми тиб тақозои замон аст. Ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ин самт барои ташаккули заминаҳои нави кашфиёти илмӣ талош меварзанд, зеро илми тиб илми кашфиёт аст, илми таҳқиқ аст, илмест, ки дар натиҷаи навовариву бозёфт метавонад, башариятро аз бемориҳои гуногун раҳоӣ бахшад. Бузургтарин сармояи инсонӣ хираду ҳуш, тамкину маданият, илму дониш маҳсуб ёфта, барои пешрафту тараққиёти ҳар як давлат заминаи мусоид фароҳам меоварад. Ҷомеаи кунунии Тоҷикистони биҳиштосо аз насли ҷавону болаёқат нерӯи созанда ва афкори тозаро тақозо дорад, зеро ҷавонони болаёқату соҳибистеъдод, навовару ихтирокор ва соҳибандеша метавонанд, бо ақлу хираду ҳуш бо нерӯи зеҳнии хеш ба рушди ҷомеаи навини тоҷик такони ҷиддӣ бахшанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон чун узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ ба рушду инкишофи тамоми илмҳо таваҷҷуҳи махсус дорад ва барои машғул шудан ба фаъолияти илмӣ ва комёб шудан ба дастовардҳои илмӣ шароити мувофиқ фароҳам меорад. Ба хотири ҳарчи беҳтару хубтар ба роҳ мондани амалияҳои илмӣ ҳамасола аз ҷониби Ҳукумати мамлакат нақшаву чорабиниҳои судманд роҳандозӣ мегардад. Бо мақсади амалисозии барномаи “Солҳои 2020-2040 бистсолаи омузиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ , дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф ва илм” ва тавсеаи ҷаҳонбинии илмию техникии ҷавонону наврасон, дастрасӣ ба техникаву технологияи муосир ва пайвасти илм бо истеҳсолот тӯли чанд сол аст, ки Озмуни ҷумҳурявии “Илм-фурӯғи маърифат” баргузор мегардаад. Эълон гардидани солҳои 2020-2040 Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф ва илм ва дар доираи он эълоншудани Озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” тавонист, ба самтҳои гуногуни илм такони ҷиддӣ бахшад. Имрӯзҳо тамоми омӯзгорони муассисаҳои таълимии миёна ва макотибҳои олии кишвар талош мекунанд, то шогирдони хеш дар Озмуни ҷумҳурявии “Илм-фурӯғи маърифат” раҳнамун шаванд ва бо ин васила шавқу завқи онҳоро дар омӯзиши илму дониш афзун гардонанд. Озмуни мазкур ба фаъолияти раёсату донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино таъсири амиқ гузошт. Бояд тазаккур дод, ки Озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” чун Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” диққати ҳамагонро ба худ ҷалб кард ва донишҳои назариявию амалии қишрҳои гуногуни ҷомеъаро ба ҳам овард. Ин Озмун дар муддати кӯтоҳ тавонист, ҳамкории омӯзгорону донишҷӯёнро ҷиҳати дар амал тадбиқ намудани амалияҳои илмии назарияҳои омӯхташуда боз ҳам тавсеа бахшад. Насли имрӯзи миллат насли муваффақу саодатманд аст. Дастони пурэъҷози инсоният ва кашфиёту эъҷоз аст, ки ҳаёту рӯзгори инсоният рангу таровати тоза мегирад.Пешрафту рушди техникаву технологияи муосир фаъолияти инсонро осон ва ободии ҷаҳонро таъмин месозад. Озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” ба руҳияи тамоми қишрҳои ҷомеа таъсири амиқ гузошт. Донишҳои назариявии омӯхтаву андӯхташуда, дар амал рӯйи кор омаданд. Ақлҳо созанда гардиданд.
Сарвари давлат чун ҳамеша ба ғолибони озмунҳо ва ҷавонони лаёқатманд ғамхорӣ зоҳир намуда, Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм, Маркази миллии тестӣ, тамоми сохтору мақомотҳои давлатӣ, роҳбарони шаҳру вилоятҳоро муваззаф гардонидаанд, ки онҳоро аз рӯйи интихоби худ ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ бидуни имтиҳон қабул карда, барои ҳавсмандгардонии омӯзгорон ва волидайни онҳо тадбирҳои иловагӣ андешанд. Таҳсилу дастёбӣ ба камолоти инсонӣ дар шароити озоду соҳибистиқлолӣ мамлакат басо содаву роҳат аст. Ин ҳама шароиту имконияти мусоид барои ҷавонону наврасон беҳтарин василаест барои расидан ба муваффақият ва амалӣ сохтани орзуҳои воло.
Ҳамин тавр, пажӯҳишу ихтироот ободии давлатро таъмин сохта, дар пешрафту рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа таъсири амиқ мегузорад. Ҷавононе, ки аз пайи такмили дониши хешанд,бештар меомӯзанд, кам нестанд. Чавонони бахтиёри кишварро саодату иқбол интизор аст.