ҚАЛЪАИ ҲУЛБУК – ЁДГОРИИ НОДИРУ ТАЪРИХИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои як қатор ёдгориҳои нодири таърихӣ буда, боиси ифтихор аст, ки нишонае аз таъриху фарҳанги куҳан то имрӯз ҳифз шудаанд. Қалъаи Ҳулбук яке аз чунин ёдгориҳои таърихӣ дар масофаи 7 километр дуртар аз самти шимолу ғарбии ноҳияи Восеъ ҷойгир мебошад. Дар ин мавзеъ қалъае вуҷуд дошт, ки дар вақти ҳафриёти бостоншиносӣ аз он бақияи қасри пурзебу зиннати Хатлон ёфт шудааст. Дар замони соҳибистиқлолии мамлакат ин ёдгории таърихӣ эҳёи дубора ёфта, марҳилаи бозсозии он давра ба давра амалӣ шуда истодааст. Қалъаи Ҳулбук ҳамчун ёдгории нодири таърихии халқи тољик дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон ба асрҳои 9 ва 11 мансуб аст. Бино бар сарчашмаҳои таърихӣ шаҳри Ҳулбук аз ибтидо дорои релефи хеле возеҳу равшан бо иморатҳои назаррабою хатҳои обёрӣ будааст, ки намунаҳои олии тарҳу симои он то имрӯз боқӣ мондаанд. Дар қалъаи Ҳулбук корҳои тадқиқотӣ, ҷустуҷӯӣ ва ҳафриётиву бостоншиносӣ идома дошта, имрӯз дар атрофии қалъа шаш гӯшаи мавзеъҳои кашфшуда бо мақсади дар ҳама фасли сол аз газанди барфу борон ва дигар ҳодисаҳои табиӣ ҳифз кардан ва баҳри ҷалби сайёҳону муаррифии ин ёдгории таърихӣ раванди болопӯшкунии онҳо љараён доранд. Масоҳати шаҳри Ҳулбук 16 гектарро дар бар гирифта, девори ҳимоявии қаср 2 метр паҳноӣ ва то 13 метр баландӣ дорад. Ҳудуди қаср майдони 2 гектарро фарогир аст. Манораҳои қалъа то 25 метр баландӣ доранд. Дар замони соҳибистиқлолӣ бо ташаббус ва дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ҳазорсолаҳо пойтахти Хутталони қадим - шаҳри Ҳулбук имрӯз аз нав эҳё гардида истодааст. Девори иҳотавии атрофи қалъа панҷарабандӣ карда шуда, роҳравҳо ва майдонҳои дохили он аз ҷониби мутахассисони ҷалбшуда бозсозӣ ва сабзпуш шуда истодаанд. Маҳз ба хотири бузургдошт ва арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанг ва маданияти қадими шаҳрсозии ниёгон мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳулбук бо Осорхона дар пойгоҳи шаҳри Ҳулбук таъсис дода шудааст. Осорхона аз ду ошёна ва 8-толор иборат мебошад. Осорхона ва қалъаи Ҳулбук ҳамчун муассисаи фарҳангӣ ва ёдгории нодири таърихӣ дар ноҳияи Восеъ мебошад, ки сайёҳонро бештар ҷалб менамоянд. Таъсири бевоситаи фанҳои табиатшиносӣ ва ҳандаса дар истеҳсоли кулолгарӣ, шишасозӣ, оҳангарӣ, инчунин, дар тарҳ ва ороиши биноҳои қасри Ҳулбук ва атрофи он бисёр хуб ба назар мерасанд. Ҳамаи тасвирҳои анҷом додашуда бевосита табиӣ буда, бо иловаи истеъдоди ҳунармандони хатлонӣ зебогии нотакрореро дар худ таҷассум менамоянд. Маҳз ҳамин хусусиятҳо боис шудааст, ки ҳамасола ташрифи теъдоди меҳмонону сайёҳони ватаниву хориҷӣ ба ин гушаи Тоҷикистон меафзояд. Ёдгории мазкур дар рӯйхати пешакии Мероси умумиҷаҳонӣ ворид шуда, умед аст, ки он дар солҳои наздик ба Феҳристи асосии Мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ҳамчун иншооти таърихию фарҳангӣ ворид карда мешавад.
Валиев Давлатёр
рӯзноманигори Хадамоти ректор