1-УМИ ДЕКАБР РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО ВНМО/БПНМ
1 декабр ҷомеаи ҷаҳонӣ Рӯзи байналмилалии мубориза бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуниятро таҷлил менамояд. Аввалин шахсони гирифтор ба ин беморӣ дар охири солҳои 80-уми асри гузашта дар Штатҳои Муттаҳидаи Америка ба қайд гирифта шудааст. Тибқи иттилои Созмони Милали Муттаҳид соли 2022 шумораи гирифторони ин беморӣ ба 45,7 миллион расидааст. Тибқи маълумоти СММ ҳар рӯз дар ҷаҳон 16 ҳазор нафар ба вируси норасоии масъунияти одам сироят меёбанд, ки тақрибан 50%-ро ҷавонони синнашон аз 14 то 20 соларо ташкил медиҳанд. Аз рӯзи пайдо шудани ин беморӣ дар ҷаҳон тақрибан 60 миллион нафар ба он сироят шуда, 20 миллион нафари онҳо ба ҳалокат расидааст ва ин хеле ташвишовар аст.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри пешгирӣ ва муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният корҳои хеле зиёд ба сомон расонида шудаанд. Аз ҷумла, 25 феврали соли 2017 тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи ВНМО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020» ва нақшаи тадбиқи он қабул гардид. Барномаи мазкур ҳадафҳои асосии «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2010-2020»-ро инъикос намуда, чораҳоро баҳри таъмини дастрасии аҳолӣ ба пешгирӣ, табобат, нигоҳубин ва дастгирӣ вобаста ба сирояти ВНМО дар бар гирифта, дар давраи амали Барнома татбиқ гардиданд.
Моҳи сентябри соли 2008 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаи умумии Иҷлосияи 63-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо таҳлилу баррасии дурбинонаи вазъи мушкилоти ҷаҳонӣ суханронӣ намуда, пешгирии бемории сироятии вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуниятро дорои аҳамияти бузург номида, ҷомеаи ҷаҳониро дар ин ҷода ба муттаҳидӣ даъват карданд.
Ин беморӣ ба ҳама, новобаста ба синну сол ва миллат сироят шуда метавонад. Ин беморӣ аксаран ҳангоми алоқаи ҷинсӣ бо шахсоне, ки гирифтори беморӣ мебошанд, ҳангоми хунгузаронӣ бо воситаи хуне, ки дар таркибаш ин вирус вуҷуд дорад, аз модари дорандаи ин вирус ба кӯдак ҳангоми ҳомила, таваллуд ва ширдиҳӣ, истифодаи як сузандору ба оммаи одамон ва роҳҳои дигар сироят меёбад.
Бояд ёдовар шуд, ки тибқи муқаррароти моддаи 125-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсоне, ки бо роҳҳои гуногун нафари дигарро ба бемории вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният гирифтор мекунанд, татбиқи ҷавобюгарӣ пешбинӣ карда шудааст.
Барои сари вақт огоҳ шудан аз ин беморӣ ва пешнирии сирояткунӣ ба наздикон ҳар як шахс бояд ҳадди ақал дар як сол як маротиба аз ташхис гузарад. Худ ва дигаронро аз бемории вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният эмин нигоҳ доред.
Ҳакимов Ё.В.
ассистенти кафедраи Бемориҳои дарунии №2