ПЕШГИРӢ, ТАШХИС ВА ТАБОБАТИ АНОМАЛИЯҲОИ МОДАРЗОДИИ СИСТЕМАИ ҶОҒУ РӮЙ


ПЕШГИРӢ, ТАШХИС ВА ТАБОБАТИ АНОМАЛИЯҲОИ МОДАРЗОДИИ СИСТЕМАИ ҶОҒУ РӮЙ

Дар кафедраи стоматологияи кӯдакона ва ортодонтия бо иштироки васеи донишҷӯён, ординаторони клиникӣ, аспирантон ва омӯзгорони кафедраҳои самти стоматологии МДТ “ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино” семинари илмӣ, амалӣ ва омӯзишӣ дар мавзӯи “Пешгирӣ, ташхис ва табобати аномалияҳои модарзодии системаи ҷоғу рӯй” баргузор гардид. Дар кори семинар мутахассисон, олимон ва стоматологҳои варзида профессор Постников М.А., профессор Калсанов А.В., профессор Рубникович С.П., профессор Денисова Ю.Л., профессор Бежанова О.Е. ва профессор Гажва С. аз кишварҳои Федератсияи Русия (Донишгоҳи давлатии тиббии шаҳри Самара), Белоруссия, Молдавия ва Узбекистон ба тариқи маҷозӣ ширкат варзида, дар атрофи мавзӯи болозикр суханронӣ намуданд.

         Бо намояндагӣ аз номи МДТ “ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино” мудири кафедраи стоматологияи кӯдакона ва ортодонтия, номзади илмҳои тиб Абдурахмонов А.З. баромад намуда, фикру ақидаҳояшро перомуни пешгирӣ ва ташхиси бемории зикргардида баён намуданд. Номбурда табобати бармаҳали ортодонтии кӯдакони дорои нуқсонҳои модарзодии пурраи гузарандаи лабу комро бо далелҳои мушаххаси илмӣ шарҳу тавзеҳ доданд, ки аз ҷониби иштирокдорон қобили қабул дониста шуд. Натиҷаи самараноки тадқиқотҳои олими варзидаи тоҷик Абдурахмонов А.З. дар соҳаи мазкур аз ҷониби олимони хориҷӣ баҳои баланд гирифт ва расман барои хондани лексия ва мубодилаи академикӣ ба Ҷумҳурии Белоруссия даъват карда шуд.  


23.11.2023 560

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php