ОЛАМИ ПУРАСРОРИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ
Парчами давлатӣ пеш аз ҳама рамзи истиқлоли давлатист. Ҳар давлате, ки дар фазои сиёсии ҷаҳон ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои сиёсӣ фаъолият мекунад, соҳиби парчамест, ки давлати мазкурро дар ҳама гуна чорабиниҳо, чӣ сиёсию чӣ фарҳангӣ, муаррифӣ мекунад. Аз ин лиҳоз, парчам баёнгари ҳастии давлат аст, фақат муъҷам ва рамзӣ.
Парчам ифодакунандаи ҳувияти миллист. Бо алвонҷ хурдани парчам ҳастии ҳар миллат бо бурду бохташ пеши назар ҷилвагар хоҳад шуд. Вақте парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон болафшонӣ менамояд, бо ранги сурхаш ба бинанда аз таърихи муборизаҳои шадидаш баҳри истиқлолу адолат ҳикоя менамояд. Ҳангоме ранги сафеди парчам ба чашми бинанда меафтад, вай дилу нияти пок ва орзую омоли неку созандаи миллатро ба ӯ бозгӯ менамояд. Бо дурахшидани ранги сабзи парчам миллати меҳнаткашу созанда ва бунёдкору офаранда будани он пеши назари бинанда ёдрас мегардад. Ҳафт ситораи зебою дурахшони парчам, ҳафт бародарони хунии ҷигарпайванданд, ки бо номҳои Суғду Зарафшон, Ҳисору Хатлон, Рашту Вахшу Бадахшон бо орзую нияти ягона муттаҳид гардида, кишвари худро содиқона обод менамоянд.
Парчами давлатӣ таҷассумкунандаи таърихи миллати куҳанбунёду фарҳангофари тоҷикон аст. Вай таърихи нуҳуфта ва дар як сафҳа гирд овардашудаест, ки барои ноогоҳ безабону пӯшида ва барои огоҳ гӯёю кушода аст.
Парчам рамзи гӯёи фарҳанги бою рангини миллат аст. Зардушти Спентамен бо Авастои росткораш, Коваи оҳангар бо талошу муборизаҳои адолатхоҳонааш, Рӯдакӣ бо ашъори баланди пандомӯзаш, Фирдавсӣ бо Рустами ватандӯсташ дар ҳар тору пӯди парчам нуҳуфта буда, фарҳанги баланди тоҷиконро пеши назари оламиён ҷилвагар мегардонанд.
Парчам рамзи ваҳдати миллист. Ӯ фарзандони миллатро дар ҳар замоневу маконе ба ҳам меоварад. Парчам бо рангҳои зебою пурмаъно ва ситораҳои дурахшону ҷилвагараш аз як падару модар будани фарзандони миллатро ёдрас менамояд.
Парчам ифодаи дастовардҳои пешину навини миллат аст. Ӯ бо безабонии худ ба забон омада, «Тоҷикистон ба пеш!» мегӯяд.
Ҳар гоҳ, ки парчами миллат алвонҷ мехӯрад, вай дар дили фарзандони фарзонаи миллат тухми меҳру садоқат ва вафодорӣ мекорад. Гӯё кӣ будану чӣ масъулият доштани онҳоро ба онҳо бори дигар ёдрас менамояд. Бо алвонҷ хӯрдани парчами миллат хунҳои шахшуда ба ҳаракат меоянду хунҳои дар ҳаракатбуда ҷӯш мезананд. Алвонҷ хӯрдани парчами миллат дар дили фарзандони фарзона ва баномуси миллат суруру нишот бахшида, онҳоро ба сӯи пешрафтҳои нав ҳидоят менамояд.
Фарорасии рӯзи саиди Парчами давлатиро барои тамоми ҳамватанон бо дарки ҷиддии олами пурасрори парчами давлатӣ муборакбод мегӯем.
Абдухалилзода К.А.-номзади илмҳои фалсафа,
дотсенти кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ