СЕМИНАР «ПАРЧАМИ МИЛЛАТ-ҲАСТИИ МИЛЛАТ»


СЕМИНАР «ПАРЧАМИ МИЛЛАТ-ҲАСТИИ МИЛЛАТ»

Боиси қаноатмандист, ки ҳар сол 24-уми ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ бо ифтихору сарбаландӣ аз давлату давлатдории миллати тамаддунсози худ ҷашн гирифта мешавад.

Парчами давлати Точикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дӯстию бародарии ҳамаи миллатҳои он ба шумор меравад. Ин рамзи давлатӣ аз зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумӯи ҳаматарафа ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ шаҳодат медиҳад.

Ба хотири арҷгузори ба ин муқаддасоти миллӣ санаи 22.11. 2023 дар кафедраи нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ ва омори тиббӣ бо курси таърихи тиббии МДТ “ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино” тибқи нақшаи мавзӯи «Парчами миллат-ҳастии миллат” семинари ҷашнӣ гузаронида шуд.

Дар семинари мазкур ҳайати устодон ва донишҷӯёни фаъолона иштирок намуданд. Семинарро мутасадди оид ба корҳои тарбиявӣ дар кафедра Шарифзода Ф.Ҷ. ҳусни оғоз бахшида, омӯзгорон ва донишҷӯёнро ба ифтихори ин ҷашни бузург табрик намуда, қайд карданд, ки давлатсозӣ ва давлатдории тоҷикон таърих ва суннати қадима дошта, аҷдодони мо ҳануз аз замони қадим соҳиби парчам буданд ва дар адабиёти қадимаи миллат он бо номи дирафш ёд мешавад. Хушбахтона, бо шарофати истиқлолияти давлатӣ тоҷикон соҳиби Парчами миллӣ, ки он таҷассумгари гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшон мебошад, гардиданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтирому садоқат бо Парчами миллиамон бо фармони худ аз 20-уми ноябри соли 2009 рӯзи 24-уми ноябрро «Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» эълон намуданд.

Боиси тазаккур аст, ки бори аввал дар тӯли зиёда аз 70 соли мавҷудияти Точикистон ҳамчун ҷумҳурӣ бори аввал парчами ин кишвар ҳамчун рамзи истиклоли давлатӣ тавзеҳ дода мешавад ва ё аввалин маротиба калимаи Истиқлолият дар тафсир ва шарҳи парчам ворид шуд. То ин дам парчамҳои қаблӣ танҳо рамзи фарқкунандагии давлатиро иҷро мекарданд, ки Тоҷикистонро ҳамчун ҷумҳурии тобеъ аз 14 ҷумҳурии дигари Иттиҳоди Шӯравӣ дар фарқият қарор медод. Парчами нав бошад, акнун Тоҷикистонро на ҳамчун давлати тобеъ, балки ҳамчун ҷумҳурии демократӣ, ҳуқуқбунёд, мустақил ва ягона миёни зиёда аз 200 давлати дунё тафовут мебахшад.

Ҳамчунин дар семинар донишҷӯӣ курси 2-юми гуруҳи 3 Наврузов Абдулмалик бо маърӯзаи худ дар мавзуи «Парчам рамзи сарбаландии миллат» баромад карда иброз намуданд, ки мо бояд дар Партави Парчами давлатӣ, ки рамзи соҳибистиқлолии кишварамон мебошад, бо дониши аъло ва рафтори намунавӣ таҳсил намуда, ин муқаддасоти миллиро пос дорем.

 

 

Кафедраи нигаҳдории тандурустии

ҷамъиятӣ ва омори тиббӣ бо курси таърихи тиб


22.11.2023 376

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php