ОМОДАСОЗИИ МУТАХАССИСОН АЗ МАҲОРАТИ КАСБИИ ОМӮЗГОР ВОБАСТА АСТ
Роҳбарияти Донишгоҳ баҳри таъмини таҳсилоти босифат ҷиҳати ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионии таълимдиҳӣ дар ҷараёни таҳсилот ба андешидани чораҳои иловагӣ аҳамияти бештар зоҳир менамояд. Баҳри таъмини таҳсилоти ҷавобгӯ ба талаботи Стандартҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи муосир, расидан ба ҳадафи мазкур аз ҷониби роҳбарияти Донишгоҳ корҳои зиёди судманд ба сомон расонида шуда истодааст.
Яке аз чунин дастовардҳо дар ҷодаи ба роҳ мондани таълимдиҳии инноватсионӣ, ин ворид намудани дастгоҳи муосири омӯзишии «Мизи Пирогов», ки дастгоҳи муосири интерактивии омӯзишӣ мебошад, ба ҳисоб меравад.
Қобили зикр аст, ки омодасозии мутахассисон аз маҳорати касбии омӯзгор, истифодаи усулҳои мукаммал ва муосири самараноки таълимдиҳӣ вобаста аст.
Дастгоҳи муосири омӯзишии “Мизи Пирагов” дорои имкониятҳои васеи иттилоотии таълимӣ буда, донишҷӯён доир ба мавзуъҳои таълимии хеш маълумотҳоро дар шакли 3D, на танҳо аз фанни анатомияи одам, балки аз дигар фанҳои таълимие, ки мавзуъҳои ҳамрадиф доранд, метавонанд ба даст биёранд.
Санаи 20-уми ноябри соли 2023 як гурӯҳ донишҷӯёни курси 4-уми факултети тиббӣ бо роҳбарии ассистенти кафедраи асабшиносӣ, психиатрия ва психологияи тиббии ба номи профессор М.Ғ. Ғуломов - Давлатмирова Гулноз Шерзамоновна аз дастгоҳи муосири омӯзишии “Мизи Пирогов” дидан намуда, доир ба модели 3D -и системаи асаб маълумоти бештар пайдо намуданд.
Ассистенти кафедраи асабшиносӣ, психиатрия ва психологияи тиббии ба номи профессор
М.Ғ. Ғуломов, докктор PhD – Зарипов Н.А.
Ассистенти кафедраи асабшиносӣ, психиатрия ва психологияи тиббии ба номи профессор
М.Ғ. Ғуломов – Давлатмирова Г.Ш.