Парчами ман - ифтихори ман


Парчами ман - ифтихори ман

Парчами Тоҷикистон се ранг карда дар бар,

Дар рӯйи он шукуфта гулҳои ҳафт ахтар.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти барҷаста дорад. Он муқаддасоти миллат аст. Парчами давлатии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар Иҷлосияи Шӯрои Олӣ 24-уми ноябри соли 1992 тасдиқ шудааст. Парчами давлатӣ тамоми сокинони кишварро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва пеш аз ҳама, ваҳдати миллӣ ва саъю талоши пайваста ба хотири ободии сарзамини аҷдодӣ раҳнамун месозад.

Парчами давлатии Тоҷикистон аз се ранг иборат аст:

“Ранги сурх – рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлолият:

Ранги сафед – нишонаи бахту саодат, умеду орзу;

Ранги сабз – нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият сокинон мебошад.”

Дар байни парчам тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар ҷой гирифтааст, ки он ишора ба решаҳои таърихии давлатдории тоҷикон аст.

Дар аввал ба ақидаи муаллифони Парчами давлатӣ, ҳафт ситора ҳамчун ифодагари ҳафт шоири барҷастаи форсу тоҷик маънидод шуда буд.

Ҳоло бошад, ҳафт ситора, ин ифодагари ҳафт минтақаи таърихию мадании кишвари азизамон Тоҷикистон мебошад, яъне Суғд, Зарафшон, Ҳисор, Рашт, Вахш, Хатлон ва Бадахшон.

Эҳтироми арзишҳои миллӣ, аз ҷумла Конститутсия, Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ ҳамчун ифодагари ифтихори миллӣ, пойдории давлат ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию таърихӣ ба ҳисоб мераванд.

Вазифаи мо, барои дар рӯҳияи эҳтиром доштану рӯ овардан ба арзишҳои миллӣ ва арҷ гузоштан ба онҳо, тарбия намудани ҷавонону наврасони миллатамон аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади эҳтиром ва қадршиносӣ инчунин, садоқат ба яке аз рамзҳои асосии давлат, 24-уми ноябрро ҳамчун рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон доштаанд.

Боиси хушҳолист, ки ҳар сол 24-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ бо ифтихору сарбаландӣ аз давлату давлатдории миллати тамаддунсози худ ҷашн гирифта мешавад.

 

Хоҷаева С.М.,

муаллими калони кафедраи

анатомияи одам ва истилоҳоти

тиббии лотинии ба номи Я.А. Раҳимов


22.11.2023 1371

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php